Аз 22-юм то 26-уми ноябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегардад, ки дар он беш аз 80 ҳунарманди тоҷик ширкат мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон, вохӯрии Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Атагелдӣ Шамурадов, вазири фарҳанги Туркманистон, се барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон дар назар аст.
“Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Ишқобод ва Марви Туркманистон доир гардида, гурӯҳи рақсии хизматнишондодаи “Лола”, “Парасту”, ансамбли созҳои миллӣ, ҳунармандони маҳруфи кишвар Носир Сафарзода, Ҳақназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Чоршанбе Аловатов, Нозанин Комилова, Сироҷиддин Ҷӯраев, тарроҳ-Хуршед Сатторов, ҳунарманд Салимабону Каримова, мусаввирони бомаҳорати ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб назди тамошобини ин шаҳрҳо баромад хоҳанд кард”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ҳайати Тоҷикистонро 3улфия Давлатзода роҳбарӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов рӯзи 28-уми октябри соли 2022 ниҳоӣ шуда буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста