Пас аз нашри хабар аз мушкили сокини нобинои шаҳраки Ҳаёти Нави шаҳри Ҳисор Амиршо Ғафуров, ки ба нишони эътироз аз бепарвоии мансабдорони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти шаҳри Ҳисор се рӯз гуруснагӣ эълон карда буд, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба зердастонаш дастур додааст, ки мушкили ин шаҳрвандро ҳал кунанд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд.
Худи Амиршо Ғафуров низ ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки баъди нашри матлаб “масъулони шаҳри Ҳисор аз ҳолаш хабар гирифтанд ва гуфтанд, ки омада доруҳояшро гирад".
Амиршо Ғафуров дирӯз, 6-уми декабр, ба “Азия-Плюс” шикоят карда, таъкид намуда буд, ки беш аз як моҳ мешавад наметавонад ҳаб (таблетка)-е, ки барои муолиҷааш бояд ройгон дода шавад, дастрас кунад.
Гуфтан лозим аст, ки Амиршо Ғафуров ҳамчунин, аз як пояш маҳрум аст ва имкони кор карданро надорад. Ӯ мегӯяд кумакпӯлии барояш муқарраргардида низ кам аст.
Ӯ қаблан дар суҳбат бо мо гуфта буд, ки пас аз буридани як пояш ба ӯ муолиҷа таъин карданд ва як давраи он 2 ҳазору 700 сомонӣ аст.
“Дар як сол бояд чор маротиба муолиҷа кунам, ҳар як ҳаб (таблетка) 400 сомонӣ нарх дорад, лекин ман пул надорам. Мувофиқи қонун, ин доруро ба ман бояд бепул диҳанд. Лекин аллакай як моҳ гузаштаву онро намедиҳанд”, - гуфта буд Амиршо Ғафуров.
Ӯ аз он шикоят дошт, ки ҳар рӯз ба шахсони масъули Вазорати тандурустӣ ва мақомоти шаҳри Ҳисор занг мезанад, лекин ҳамааш бефоида аст. Ҳеҷ кас гӯшаки телефонро намебардорад.
Пас аз ин Амиршо Ғафуров бо нишони эътироз аз бепарвоии мансабдорон гуруснанишинӣ эълон кард ва аз ин иқдоми ӯ “Азия-Плюс” дар як маводи алоҳида иттилоъ дода буд.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста