Нимаи аввали соли 2023 лоиҳаи ифтитоҳи хати ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва шаҳрҳои Чин бо шумули пойтахти ин кишвар ба охир мерасад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз КВД “Тоҷикаэронавигатсия”.
Дар ин бора рӯзи 16 декабр тариқи онлайн-конфронс муовини директори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода ва намояндагони ҳайати Чин гуфтушунид карданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили техникӣ ва васлу насби техникаи авиатсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал ифтитоҳи хатсайри мустақим аз Душанбе ба шаҳрҳои Чин, аз ҷумла пойтахти ин кишвар ба нақша гирифта шудааст.
“Агар дар муҳлати пешбинишуда ҳамаи корҳоро иҷро кунем, аллакай аз нимаи дуюми соли оянда ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Чин парвоз хоҳанд кард”, - гуфтанд дар ширкат.
Дар ҳамин ҳол, ҳоло маълум нест, ки парвозҳо аз ҷониби кадом ширкати ҳавопаймоӣ иҷро карда мешаванд.
“Ҳамааш ба он вобаста хоҳад буд, ки кадом ширкат барои анҷом додани парвозҳо дархост пешниҳод мекунад”, - зикр кард манбаъ.
Корҳои мувофиқасозии лоиҳа бо сохторҳои дахлдори ҳар ду кишвар барои омода намудани ҳама расмиёти зарурӣ ҷиҳати имзои созишнома идома меёбанд.
Ҳамчунин тибқи тартиб дар идомаи корҳо ҷонибҳоро зарур аст, ки лоиҳаро барои мувофиқасозӣ ба ИКАО пешниҳод намоянд.

ИКАО - муассисаи махсуси СММ мебошад, ки меъёрҳои байнулмилалии авиатсияи гражданиро муқаррар ва рушди онро бо мақсади беҳбуди бехатарӣ ва самаранокӣ танзим мекунад.
Гуфта мешавад, айни замон корҳои ба насб расонидани таҷҳизотҳои аэронавигатсионӣ идома ёфта, барои хатти лоиҳаи мазкур системаи ADS-B то охири соли 2022 муҷаҳҳаз гардонида хоҳад шуд.
Ҳангоми парвози ҳавопаймо дар баландии 11000 метр мавҷҳои таҷҳизот минтақаи парвозӣ ва ҳатто 65 км берун аз хатти сарҳади давлатӣ фазои ҳавои ҶМЧ-ро низ идора хоҳад кард.
Илова ба он тасмим аст, ки то охири шашмоҳаи соли 2023 таҷҳизотҳои нави DME/DME, системаи назоратии MLAT, таҷҳизоти бурдани алоқаи барқии авиатсионӣ ва якчанд системаҳои ҳозиразамон насб гарданд, ки хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро дар ин минтақа пурра таъмин хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки то пандемияи COVID-19 байни Тоҷикистон ва Чин 4 парвоз дар як ҳафта бо хатсайри Душанбе-Урумчӣ анҷом дода мешуд. Ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва South China Airlines ҳафтае 2-маротибагӣ парвоз иҷро мекарданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста