Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Манижа Ахмедова мавзуи баҳси маъмуриро баррасӣ карданд.
Пешниҳоди даъво ба суд амали санади ҳуқуқии маъмуриеро, ки аз он шикоят шудааст, бозмедорад ё не?
Мувофиқи моддаи 131 Кодекси расмиёти маъмури, пешниҳоди даъво ба суд амали санади ҳуқуқии маъмуриеро,ки аз он шикоят шудааст, бозмедорад. Ҳамзамон дар қонунгузорӣ ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки ҳангоми мављуд будани онҳо амали санади маъмурӣ боздошта намешавад.
Амали санади ҳуқуқии маъмури боздошта намешавад, агар ин ба ворид намудани андозҳо, боxҳо ё дигар пардохтҳои ҳатми вобаста бошад, он дар вақти ҳолати фавқулодда ё ҳарбие, ки дар асоси қонуни дахлдор эълон шудааст, қабул шуда бошад.
Мурофиаи соддакардашудаи расмиёти маъмурӣ дар суд чигуна баргузор мегардад?
Судя ҳақ дорад, дар асоси дархости хаттии тарафҳо, дар мурофиаи суди даъворо дар ғайби тарафҳо барраси ва ҳал намояд. Мувофиқи талаботи моддаи 130 Кодекси расмиётми маъмури, судя метавонад бо дархости хаттии тараф дар бораи баррасии парванда бо тартиби суръатнок қарор қабул намояд.
Дар сурати баррасии парванда бо тартиби суръатнок судя ҳақ дорад, ки мeҳлати аз xониби xавобгар пешниҳод кардани xавоби (изҳори назар) худ ё пешниҳод намудани даъвои xавобиро кeтоҳ намояд, ба шахсони сеюм барои пешниҳод кардани нуқтаи назари худ доир ба даъво мeҳлат муқаррар накунад, мeҳлати аз xониби тарафҳо пешниҳод кардани нуқтаи назари худ вобаста ба таъини экспертизаро муқаррар накунад, мeҳлати аз xониби тарафҳо пешниҳод кардани нуқтаи назари худ дар мавриди хулосаи экспетизаро кӯтоҳ кунад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста