Луфтулло Давлатов, ҳунарпешаи шинохтаи кишвар аз роҳбарии Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ барканор ва ба ҷойи ӯ Абдукарим Машрабов, ҳунарманди ҷавон ва писари муовини собиқи вазири фарҳанг Ибодулло Маршрабов таъйин гардид.
Аз Вазорати фарҳанг бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ин тағйирот бо фармони Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг сурат гирифт ва сабаби барканории Лутфулло Давлатов ба синнӣ нафақа расидани ӯ аст.
Лутфулло Давлатов мутаваллиди соли 1958 аст ва 20-уми декабри соли равон ӯ 64-сола шуд. Синни ниҳоии нафақа дар Тоҷикистон 63 аст.
Гуфта мешавад, ки Абдукарим Машрабов, ҳамакнун роҳбари нави театри “Лоҳутӣ” 39-сола буда, соли 1983 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, чанд сол дар театре, ки акнун роҳбарӣ мекунад, кор кардааст.
Абдукарим писари Ибодулло Машраб ҳунарпешаву коргардони шинохта ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон мебошад, ки чанд сол ба ҳайси муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон низ кор кардааст.
Лутфулло Давлатзода низ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода буда, фаъолияташро аз Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Конибодом оғоз кардааст.
Баъди адои хизмати ҳарбӣ аз соли 1981 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ фаъолият карда, солҳои 2004-2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Телевизиони Тоҷикистон буд.
То таъйин шудан ба вазифаи директори театр 6 сол ба ҳайси директори телевизиони «Сафина» кор кардааст. Аз соли 2015 инҷониб директори Театри давлатии академии драмавии Лоҳутӣ буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста