14 сол пеш, шаби 9 ба 10–уми январи соли 2009 дар Тоҷикистон барқосо овозае паҳн гардид, ки гӯё дар кишвар заминларзаи шадиди 9 – 10 бала ба вуқӯъ мепайвандад.
Он вақт ба сари ҳеҷ кас ин савол наомад, ки бали аз ҳама баланди заминҷумбӣ дар Тоҷикистон ва минтақа то ин замон чанд буд? Аз ин бештар: оё заминларзаро пешгӯӣ кардан имкон дорад?
Шаби хунуки моҳи январи он сол, мисле, ки одамон дар аввал он овозаро ҷиддӣ нагирифтанд. Ба ҳар ҳол, агар одамоне аз тарси ин хабар ба кӯча баромаданд, дар ибтидо теъдоди зиёд надошт. Аммо бо гузашти чанд соат кӯчаҳои Душанбе пур аз одам шуд. Ҳатто онҳое кам набуданд, ки ҷиҳозу моли аз ҳама зарурии худро ҳамроҳ бо фарзандон гирифта, дар мошин ҷо карда, “ба ҷои бехавф” ва аз шаҳр дуртар – ба маконе рафтанд, ки бинои баландошёна нест. Мазмун, агар Худое нокарда биноҳо хароб шаванд, ба онҳо зарар нарасад.
Албатта дар ҳолати тарси ботинӣ имкон дошт дар сари мардум ҳар фикре пайдо шавад. Аммо масъала фақат ин набуд. Он шаб ва ин овоза мушкилотеро фаро мегирифт, ки барои як давлат таваҷҷӯҳи хос кардан ба онҳо хеле муҳим аст. Зеро ҳаводиси чанд сол баъдтари дунё исбот намуд, ки овозаҳое мисли ин хеле осон метавонанд барои роҳандозии иғвоҳо сабаб ё баҳона гарданд...
Барои ҳамин ин овозахабар бояд аз чанд паҳлӯ мавриди таҳлил қарор мегирифт.
Касе пул кор кард?
Як нуктаи муҳим ва ҷолиб: ҳар кас манбаи пайдоиши хабар дар бораи заминҷунбиро гуногун мегуфт. Яке мегуфт, онро шабакаи «Сафина» пахш кардааст, дигарӣ “Евронюс” -ро ҳамчун манбаъ ном мегирифт, саввумӣ кадом як шабакаи телевизионии Русияро. Аммо дар ҷавоб ба суоли ин ки оё худатон бевосита ҳамин хабарро шунида будед, ҳеҷ кас посухи мушаххас дода наметавонист. Зеро баъдтар маълум шуд, ки ҳеҷ кадоме аз манбаъҳои зикршуда чунин хабар паҳн накарда буд.
Вале ҳамаи одамон мегуфтанд, ки онҳоро дар бораи заминҷунбӣ тавассути телефонҳои мобилӣ хабар кардаанд. Барои ҳамин, дар таҳлилҳои аввалияи сарсарии пас аз овоза гуфта шуд, ки дар пушти он манфиатҳои молии касе ниҳон аст. Барои ин асос ҳам буд. Тасаввур кунед: ҳама тавассути телефонии мобилӣ хабардор шудаанд ва агар ҳар кадоме ҳатто чанд сент сарф карда бошанд, чӣ қадар маблағро ташкил хоҳад дод?! Он замон арзиши гуфтугӯҳои мобилӣ назар ба ҳозир хеле гаронтар буд. Акнун ба хотир биёред, ки он замон ҳам баъзе аз ширкатҳо дар алоҳидагӣ беш аз 1 миллион муштарӣ доштанд. Агар ҳамаи ширкатҳои мобилиро дар якҷоягӣ ҳисоб кунем, чӣ қадар маблағ пеш меояд? Миллионҳо доллар! Ин ҳам дар як шаби рӯзҳои бӯҳрони молии ҷаҳон! (Соли 2009 таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳон кам нагашта буд)
Агар мегуфтанд ягона ҷои бехавф назди Қасри президент ё бинои парлумон аст...
Фарзияи сиёсиеро ҳам дар ин робита баррасӣ намуданд, ки рабт мегирифт ба гурӯҳи салафия. Зеро як рӯз қабл аз ин ҳодиса Суди олии Тоҷикистон фаъолияти ин равияро ғайриқонунӣ эълон намуд. Тахмин зада шуд, ки онҳо ба воситаи ин овоза қассос гирифтаанд.
Дар навбати худ, метавонад муаллифи ин овоза аслан душмани ашадии салафиҳо низ бошад, ки ҳадафаш, пас аз ғайриқонунӣ эълон шудани ин гурӯҳ, онҳоро нерӯи воқеан хавфзо муаррифӣ намудан буд.
Зимнан, ба андешаи таҳлилгарон дастандаркорони ин овозаву иқдом, агар нерӯи сиёсии дохилие мебуд, истифода аз ин «фурсати муносиб» ҳеҷ душворӣ надошт. Масалан, оё бисёр душвор буд, ки бигӯянд: «дар шаҳри Душанбе ягона макони аз заминларзаи шадид бехавф танҳо назди Қасри президент, ё парлумон аст»?
Мардум намерафтанд? Ҳатман мерафтанд!
Дар ин сурат, оё душвор буд, ки «гирдиҳамоии миллионнафара» ташкил намоянду сохторҳои ҳукуматро «ба корношоямӣ» муттаҳҳам карда, лоақал дар назди ҳукумати марказӣ шарту ултиматумҳо гузоранд, агар вазъияти дигаре пеш намеомад?
Ҳаводиси баъдии ҷаҳон исбот намуд, ки дар ҷаҳони имрӯз истифодаи флеш–технология ва флеш–нерӯҳои сиёсӣ иқдоми муқаррарист. Нишонаҳое аз ин гуна иқдомотро солҳои 2004–2005 ҳангоми майдонсозиҳои Тифлису Киеву Бишкек истифода намуда буданд.
Ва ё як сол баъди овозаи заминҷунбӣ дар Тоҷикистон, ҳаводиси дар кишварҳои арабӣ иттифоқафтодаро низ касе пешгӯӣ карда наметавонист. Ин ҳаводис, ки аз эътирози гуруҳе дар Тунис оғоз шуд, дар як муддати кӯтоҳ минтақаро фаро гирифт ва боиси сарнагунии чандин низом, ивазшавии ҳукуматҳо ва ҳатто оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар баъзе давлатҳои арабӣ гашт.
Вақте мансабдорон ҳам бо халтаҳои хурду калон дар кӯча буданд...
Аммо баргардем ба ҳодисаҳои шаби 9 ба 10 уми январи соли 2009 дар Душанбе. Шоҳидон дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон баробари мардуми оддӣ мансабдорони ҳукуматро ҳам мушоҳида карданд, ки дар даст танҳо халтаҳои хурд ва баъзан начандон хурд доштанд. Чӣ доштанд: пул, тилло…? Намедонем. Ҳадафи мо низ посух ба ин суол нест. Муҳимтар чизи дигар аст: таъсири овоза то ҳадде будааст, ки мансабдоронро ҳам барои бовар кардан водор намуд!
Акнун ба хотир биёред, ки он шабу рӯз Тоҷикистон раванди ташкил намудани шабакаҳои нав ба нави телевизиониву радиоиро оғоз бахшида буд. Аммо маълум гашт, ки бо ин тарзи фаъолият даҳҳо шабакаҳои ТВ ва радио баробари як овоза кор карда наметавонанд.
Зимнан, ягона шабакаи телевизонии ҳамон шаб фаъоли тоҷикӣ «Ҷаҳоннамо» буд, ки мутаассифона хабарҳои кӯҳна пахш мекард. Зангҳои бешумор ба идораи ахбори Шабакаи аввали ТВ беҷавоб монд. Он замон инҷониб сармуҳаррири барномаҳои радиои “Имрӯз” будам. Бо кормандони ин радио соати 3 –и шаб тавонистем бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тамос гирем. Танҳо соатҳои 4 масъулини ин кумита Институти зилзилашиносӣ тариқи радио баромад карда, овозаро беасос хонданд. Баъдтар “Ҷаҳоннамо” ҳам хабари кӯтоҳе дод, аммо мардум, ки аксаран дар кӯча буданд, хабари ин шабакаро надиданд. Баъди пахши хабар ба кӯча баромадем, касе набуд. Ҳатто такси дарёфт намудан имкон надошт. Ҳама хоб рафта буданд...
Шояд то овозаи дигар?