Ба қавли пайвандон, Булбул Давлатшоеви 47-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир аз соли 2007 дар зиндони Санкт-Петербург буд, “аммо дар Украина кушта шуд”.
Намояндагони ҳукумат дар ноҳияи Дӯстӣ рӯзи 11-уми январ хабари марги Давлатшоевро тасдиқ карданд, вале ҷузъиёт надоданд.
Яке аз наздиконаш гуфт, ба иттилои ҷониби Русия, Булбул Давлатшоев рӯзи 19-уми октябри соли 2022 аз зиндон ба майдони ҷанг дар Украина рафтааст. Маълум нест, чӣ гуна.
Эраҷ Давлатшоев, бародари Булбул Давлатшоев, рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Русия сабаби расмии марги ӯро "тир дар сина ва хунравии зиёд" номидаанд. Барои аъзои хонаводаи Давлатшоев рӯшан нест, ки ӯ дар чӣ шароит ба ҷанги Украина бурда шудааст.
Қаблан Евгений Пригожин, аз соҳибкорони наздик ба президенти Русия Владимир Путин, бар ивази ширкат дар ҷанг ба маҳбусон ваъда дода буд, ки онҳо афв карда мешаванд.
Дар моҳи декабри соли 2022 дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба қавли пайвандону дӯстонашон дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шудаанд.
Ҷасади Бобоазиз Тӯйдиеви 22-соларо рӯзи 12-уми декабр аз Русия ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Ёвон, ба хок супурданд. Ҷасади Манучеҳр Шодови 28-соларо дар ноҳияи Кушониён гӯронданд.
Наздиконаш гуфтанд, Бобоазиз Тӯйдиев моҳи сентябри соли 2021 ба иттиҳоми нигоҳдории маводи мухаддир дар Русия дастгир ва шаш сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳокимшо Шодов, падари Манучеҳр Шодов, рӯзи 21-уми декабр барои чӣ зиндонӣ шудани писарашро нагуфт, аммо афзуд, “даъво надорам, писарамро аллакай куштаанд”.
Бар асоси омори ду сол пеш дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нигоҳ медоранд.
Бино ба баъзе гузоришҳо, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла дар тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, то рафтан ба артиш дар зиндони вилояти Брянск будааст. Аз ӯ Меҳроб Раҳмонов ном мебаранд. Мақомоти Тоҷикистон аз зиндон ба ҷанг рафтани шаҳрвандони ин кишварро тасдиқ ё рад накардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста