Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар пайи тафтиши худ доруи “ДОК-1” ва “Док- макс”-ро, аз фурӯшгоҳҳои вилоят чидааст.
Қаблан Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо судури як фармоиш воридот ва фурӯши доруи “ДОК-1” ва “Док- макс”-ро ба кишвар муваққатан манъ карда буд.
Бояд гуфт, ки охири соли гузашта дар Ӯзбекистон аз истифодаи ин дору 20 нафар фавтида буд ва он замон мақомоти ин кишвар фурӯшу истифодаи ин доруро манъ карда, таҳқиқи марги кӯдаконро ба роҳ монд.
Мақомоти Тоҷикистон он замон гуфта буданд, ки “ин навъи дору дар дорухонаҳои кишвар дар фурӯш ҳаст, вале аз он шикояте то ҳол ворид нашудааст”.
Бо гузашти муддате мақомоти Тоҷикистон расман иттилоъ доданд, ки воридот ва фурӯши доруи “ДОК-1” ва “Док- макс”-ро ба кишвар муваққатан манъ кардаанд.
Ҳамакнун, мақомоти марбута дар вилояти Суғд аз чидани доруҳои дар фурӯшбуда расман хабар доданд.
Илҳом Пӯлодзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар вилояти Суғд, имрӯз, 20-уми январ, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки фармоишот ҳанӯз 28-уми декабри соли 2022 баромадааст ва онҳо дар асоси ин дастур, фурӯши маводи дорувории “ДОК- 1” ва “Док макс”-ро боздоштаанд. Ҳамакнун, бо тафтиши хос ба чидани доруҳои зикргардида аз дорухонаҳо оғоз кардаанд.
“Гурӯҳи кории Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар вилояти Суғд 67 дона “ДОК-1” ва “Док- макс”-ро, ки дар шакли шарбат буд, мусодира кард. Ҳамчунин, 64 донаи дигар дар намуди ҳаб чида шуд”, - гуфт Илҳом Пӯлодзода.
Доруи мусодирагардида аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳи КВД “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти формасефтӣ ва тибӣ” дар вилояти Суғд таҳлил шудааст ва маълум гардидааст, ки “ДОК-1” ва “Док- макс” ба талаботи стандарти дохиливу байналмиллалӣ ҷавобгӯ аст.
“Натиҷаи корҳои озмоишӣ мусбӣ баҳогузорӣ шуда, дар таркиби доруҳои чидашуда, моддаҳои заҳрнок пайдо нагардид. Новобаста аз ин, фурӯш ва воридоти он муваққатан манъ гардид”, - гуфт Илҳом Пӯлодзода.
Ин масъули Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар вилояти Суғд шарҳ дод, ки доруи “Док -1” бори охир моҳи марти соли 2021 ба Тоҷикистон ворид шудааст, аз ин лиҳоз дар таркиби он доруҳое, ки дар фурӯш буданду мусодира ва санҷиш шуданд, моддаҳои ба саломатии инсон зараровар ёфт кашф нашудааст.
Ба гуфтаи Илҳом Пӯлодзода, манъи воридот ва фурӯши доруи мазкур ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуби эҳтимолӣ рӯйи даст гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 аз истеъмоли доруи “Док-1 Макс” дар яке аз беморхонаҳои вилояти Самарқанди Ӯзбекистон аввал 18 нафар ва баъдан боз ду кӯдак, дар умум 20 кӯдак фавтид. Он замон хабаргузории “Фарғона” бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон навишт, ки “таҳқиқоти пешакии лабораторӣ нишон доданд, ки дар таркиби ҳаб ва шарбати “Док-1 Maкс” маводи этиленгликол (этиленгликоль) будааст”.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста