Дирӯз, 31-уми январ, дар шаҳри Кӯлоб ҷашни Сада таҳти унвони “Сада – ҷашни гармию нур” бо иштироки масъулини ҳукумати вилояту шаҳр, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, соҳибкорон ва меҳмонони зиёд таҷлил карда шуд.
Тибқи анъанаи ниёгон, иштирокдорон нахуст гулхан афрӯхтанд, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада мебошад. Гулхан ҳамчун рамзи ғалабаи рӯшноӣ ба зулмот дониста мешавад.
Деҳқонону ҳунармандон, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои соҳибкории Кӯлоб дастархони идона ороста буданд, ки меҳмонон аз он дидан карданд.
Намояндагони мақомоти расмӣ меҳмонону сокинони шаҳрро бо ин ҷашни қадима табрик гуфтанд.
Баъдан, ҳунармандони шаҳр барномаи ҷолиби фарҳангиро манзури ҳозирин намуданд.
Дар доираи таҷлили ҷашн ҳамчунин намоиш ва фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ низ баргузор гардид.
Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.
Сада ҷашни қадимию суннатии мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба ақидаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.
Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.
Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста