Шаби имрӯз Тоҷикистон ба Туркия кумаки башардӯстона ва 50 нафар итмдодгаронро мефиристад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳайати гурӯҳе, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба Туркия сафарбар мегарданд, имрӯз соати 14:00 дар пойгоҳи наҷотдиҳандагон дар Лучоб ҷамъ меоянд.
“Кумаки башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон, лавозимоту таҷҳизоти наҷотдиҳандагон ҳам ба ҳамин ҷо оварда мешаванд. Баъдан соати 12-и шаб наҷотдиҳандагон, кумаки башардӯстона ва дигар таҷҳизоту лавозимот ба фурудгоҳ бурда мешаванд”, - иброз дошт вай.
Тавре ки зикр гардида буд, ба ҳайати гурӯҳ имдодгарони соҳибтаҷриба, табиби ҷарроҳ ва ҷароҳатбанд шомиланд.
Кумаки ҷамъовардашуда ва наҷотдиҳандагон тариқи ҳавопаймои ширкати “Хатҳои ҳавоии Туркия” (Турецкие авиалинии) ба Туркия фиристода мешаванд.
Вақти дақиқи парвозро хабар надоданд, лекин тавре ки маълум аст, мувофиқи ҷадвали парвозҳо, ин ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳо аз Душанбе ба Туркияро соати сеи шаб анҷом медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш сафорати Туркия дар Тоҷикистон ҷамъоварии кумак барои осебдидагон аз заминларза дар Туркияро эълон кард. Кумакро ба Душанбе бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 17/2 расонидан лозим аст.
Мувофиқи имкон кумак дар бастаҳои шаффоф бо рӯйхати чизҳои дар он мавҷудбуда оварда шавад. Ба сафорат метавон бо телефонҳои 487024100 ва 487024108 занг зад.
Тибқи маълумоти то субҳи 8 феврал, бар асари заминларза дар Туркия 5 ҳазору 894 нафар ҳалок ва боз 34 ҳазор кас ҷароҳат бардоштаанд.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ба ҳолати 7 феврал тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, байни фавтидагон ва осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста