Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дирӯз, 8 феврал парвози аввалинро аз Душанбе ба Урумчӣ пас аз танаффуси сесола анҷом дод.
Ба ҳавопаймо аз Душанбе 30 нафар мусофирон билет гирифта, бо ҳамин ҳавопаймо 34 нафар мусофирон ба Душанбе омаданд, хабар доданд ба "Азия-Плюс" аз маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.
Зикр шуд, ки парвоз бо ин хатсайр ҳафтае 1 маротиба рӯзи чоршанбе тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва 737-900 муқаррар шудааст.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Урумчӣ - соати 12:00 ва аз Урумчӣ- соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ. Вақти парвоз 2,5 соатро дар бар мегирад.
“Аз нимаи аввали моҳи март ширкати ҳавопаймоӣ ният дорад, ки ба Урумчӣ дар як ҳафта 2 парвоз иҷро кунад”, - зикр мешавад дар хабар.
Билетҳо дар фурӯшанд
Дар нуқтаи фурӯш (касса)-и ширкат ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки парвози наздиктарин бо ин хатсайр рӯзи 15 феврал дар назар аст. Билет аз Душанбе 9025 сомонӣ нарх дорад. Нархи билети парвоз аз Урумчӣ ба пойтахти Тоҷикистон дар рӯзи 22 феврал - 8043 сомониро ташкил медиҳад.
Нархи билети “рафтуомад” ба 17068 сомонӣ баробар аст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Дилшод Сафарзода зикр карда буд, ки талаботи мусофиронро дар самти Душанбе-Урумчӣ 6 парвоз дар як ҳафта қонеъ карда метавонад.
Имрӯз ширкати “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекисон парвозҳо анҷом медиҳад.
Ширкат ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-800 ва -900-ро дар ихтиёр дорад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста