Дар вилояти Суғд давоми як соли гузашта 35 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам хӯрдаанд. Ин шумораи ташкилоти ҷамъиятии барҳамхӯрда нисбат ба соли 2021-ум 8 адад зиёд аст. Дар ин бора Насрулло Солеҳзода, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, сабабҳои асосии ин барҳамхӯрӣ фавти роҳбарони ташкилоти ҷамъиятӣ, адами сармоягузор ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани роҳбарони ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад.
“Ин 35 ташкилоти ҷамъиятӣ бо қарори раҳбаронашон барҳам дода шудаанд. Дар давоми се соли охир ягон ҳолати тариқи суд барҳам хӯрдани ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайд гирифта нашудааст”, - гуфт Солеҳзода.
Насрулло Солеҳзода аз се ташиклоти ҷамъиятии барҳамхӯрда - “Пайванди дилҳо”-и шаҳри Панҷакент, Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Дарё”-и ноҳияи Ашт ва “Федератсияи фитнес ва бодибилдинги вилояти Суғд”-и шаҳри Хуҷанд ном бурд.
Таврӯ ӯ зикр кард, ташкилоти ҷамъиятии “Пайванди дилҳо”-и шаҳри Панҷакент, ки ҳадафаш дастгирии ҷавонони имконияти маҳдуд буд, аз сабаби наёфтани сармоягузор фаъолияташро қатъ кардааст.
“Аз сабаби ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани роҳбари ташкилот Набӣ Турсунов - Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Дарё”-и ноҳияи Ашт фаъолияташро барҳам дод”, - гуфт номбурда.
Инчунин, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи фитнес ва бодибилдинги вилояти Суғд”-и шаҳри Хуҷанд барҳам хӯрдааст. Ҳадафи ташкилот, ки рушд ва сайқал додани намудҳои варзиши бодибилдинг дар вилояти Суғд буда, роҳбараш - Мунир Асатуллоев баъди наомадани тамрингарон ба варзишгоҳ ташкилоташро барҳам додааст.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Суғд аз соли 2007 то имрӯз 761 адад ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 331 адад барҳам дода шудааст.
Дар тамоми Тоҷикистон бошад, тибқи иттилои Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия, соли 2022 қариб 500 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам дода шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2021-ум беш аз 350 адад зиёд мебошад: соли 2021 фаъолияти 138 ташкилоти ҷамъиятӣ қатъ гардида буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста