Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 23 феврал пешниҳоди грантро ба маблағи 50 млн доллар барои амалисоҳии лоиҳа дар самти беҳбуди таълим ва таҳсил дар низоми маълумоти миёнаи Тоҷикистон маъқул шуморид.
Кумаки бебозгашт аз ҳисоби маблағҳои Асссотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо карда мешавад.
“Бо вуҷуди дар сатҳи баланд қарор доштани дастрасӣ ба маълумоти миёна дар Тоҷикистон, ки дар соли 2019 96,5%-ро ташкил дод, сифати таълим паст боқӣ мемонад”, - зикр мешавад дар варақаи итттилоотии Бонки ҷаҳонӣ.
Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ Озан Севимли бар ин назар аст, ки таҳсил маблағгузории муҳим ба сармояи инсонӣ буда, ба маоши бештар баланд ва рушди ММД вобаста аст.
“Мо аз ин сармоягузории нав хеле қаноатмандем, зеро ҳадафи он беҳбуди таълим ва таҳсил ҷавонон буда, аз рушди имконот ва арзёбии таҳсил ҷиҳати бунёди нзоми бештар масъул, муассир ва фарогиранда дастгирӣ мекунад”, - изҳор доштааст ӯ.
Гуфта мешавад, дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа таҳия ва роҳандозии низоми нави милии таълим ва таҳсил, дар марҳидаи дуюм - маблағгузорӣ ва таъмиру барқарорсозии мактабҳо ва дар марҳилаи сеюм - тақвияти имконоти кишвар дар мавриди баргузории арзёбиҳои миллӣ ва байнулмилалӣ ҷиҳати ҳалли масоил дар назар дошта шудааст.
Интизор меравад, ки ин сармоягузориҳо мустақиман ба 40 ҳазор хонанда ва 1,2 ҳазор омӯзгор аз 65 мактаби мавриди ҳадаф манфиат хоҳанд овард.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста