Соли 2022 дар Тоҷикистон 70 ҳазор никоҳ ва 14 ҳазор талоқ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, соли гузашта издивоҷ кам ва талоқ бештар шудааст.
Дар асоси нишондиҳандаи Агентии омор, соли 2022 дар кишвар 70,6 ҳазор никоҳ баста шудааст, ки нисбат ба як соли қабл 5,4 дарсад камтар аст.
Соли гузашта дар кишвар 14 069 талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 ин нишондиҳанда 2,9 дарсад зиёд мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар соли 2022 никоҳ дар вилояти Хатлон 2,5 фоиз, дар вилояти Суғд 8 фоиз, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 6 фоиз, дар Душанбе 3,9 фоиз ва дар ВМКБ 21,3 фоиз кам ба қайд гирифта шудааст.
Аксари оилаҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон аз ҳам ҷудо шуданд. Дар Душанбе ва ВМКБ камтар аз ҳама талоқ сабт гардидааст.

Чаро талоқ зиёд шуд?
Ба гуфтаи Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, сабабҳои аслии азҳампошии оилаҳо мушкилоти маишӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, нофаҳмӣ ва ихтилофҳо дар оила аст.
“Сабаби дигари азҳампошии оилаҳо нияти шаҳрвандии Русияро гирифтани сокинон мебошад. Яъне мардон расман ақди никоҳи худро бо занҳояшон бекор мекунанд, то ки дар Русия ақди никоҳи қалбакӣ банданд ва дар ҳамин ҳол, зиндагиашонро бо ҳамсарашон дар Тоҷикистон тибқи никоҳи мусулмонӣ идома медиҳанд”, - шарҳ медиҳад раиси Кумита.
Ҳилолбӣ Қурбонзода мегӯяд, ки Кумитаи кор бо занон ва оила дар ин бора аз вилояти Хатлон, ВМКБ ва водии Рашт маълумоти дахлдор ҷамъоварӣ кардааст.
“Соли гузашта дар вилояти Хатлон бо мақсади гирифтани шаҳрвандии Русия 804 оила, дар Рашт - 103 оила ва ноҳияи Ванҷ - 31 оила ақди никоҳашонро бекор кардаанд”, - изҳор дошт роҳбари Кумита.
Ба таъкиди Қурбонзода, ин никоҳҳои ба таври сунъӣ бекоршуда омори расмии талоқро дар кишвар зиёд нишон медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15-уми феврали соли равон вакилони парлумон тағйирот ба қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро қабул карданд, ки дар асоси он, андозаи боҷи давлатӣ барои бекор кардани ақди никоҳ аз 1 ва 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 68 сомонӣ) зиёд карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста