Тавре ки Arbat.media хабар медиҳад, мувофиқи радабандӣ (рейтинг)-и Welcoming Countries Rank, ки аз ҷониби торнамои Passport Index таҳия шудааст, Туркманистон, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ кишварҳои аз ҳама бештар “меҳмонгурез” эътироф шудаанд.
Гуфта мешавад, радабандӣ на аз рӯи муносибати дӯстона ва хушмуомилагии шаҳрвандон, балки аз рӯи шумораи кишварҳои дигар, ки соҳиби шиносномаҳояшон бидуни раводид омада метавонанд, асос ёфтааст.
Ӯзбекистон бо касби зинаи 25-ум дар радабандӣ кишвари аз ҳама зиёдтар меҳмоннавоз байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дониста шуд. Шаҳрвандони 139 кишвар бидуни раводид ба ин ҷо омада метавонанд.
Тоҷикистон мақоми 49-умро ишғол намуда, шаҳрвандони 87 кишвар бе раводид ба ҷумҳурии мо сафар карда метавонанд.
Қирғизистон дар радабандӣ дар зинаи 53-юм (бе раводид - 80 кишвар) ва Қазоқистон мақоми 54-ум (77 кишвар) ҷойгир шудаанд.
Туркманистон, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ дар зинаҳои охири радабандӣ қарор гирифтаанд - ба ин кишварҳо сафари бидуни раводид пешбинӣ нашудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста