Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки шаҳри Кӯлоб дар соли 2024 ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО эълон карда шавад.
Дар ин хусус сомонаи расмии ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ дода, навиштааст, ки масъалаи мазкур зимни мулоқоти Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Билол Ашшобӣ, намояндаи Созмони ҷаҳонии Ислом оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мероси таърихию фарҳангӣ, санъат, осорхона, китобхона, табъу нашр ва дигар унсурҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ин пешниҳод аслан бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони ИСЕСКО соли 2022 ироа гардидааст. Аммо ҳоло маълум нест, ки тасмими ниҳоӣ гирифта шудааст ё не.
Пеш аз ин, шаҳри Душанбе соли 2010 ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО эълон гардида буд.
Дар робита ба ин, мо тасмим гирифтем аз мавзеҳои фарҳангии шаҳри Кӯлоб суратгузориши зеринро таҳия намоем:
Муҷтамаи 2700 - солагии Кӯлоб бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2006 дар майдони 10 гектар замин бунёд ёфтааст
Ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маҳаллаи Гулбоғи шаҳри Кӯлоб, ки дар баландии қариб 300 метр ҷойгир аст.
Муҷассамаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 2018 дар назди бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ифтитоҳ ёфт.
Муҷассамаи “Оила” соли 2015 бахшида ба “Соли оила” дар назди бинои шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб қомат афрохтааст ва ифодагари хушбахтӣ ва саодат мебошад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста