Усмоналӣ Нурзода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар гуфтааст, тоҷироне, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулотро беасос боло мебаранд, муртакиби гуноҳ мешаванд.
Ӯ дар сӯҳбат бо нашрияи вилоятии “Хатлон” иброз доштааст, ки соҳибкорон ҳангоме маҳсулотро бо нархи гарон пешниҳод мекунанд ва харидор бо сабаби эҳтиёҷ доштанаш норозиёна маҳсулотро харидорӣ мекунад, албатта, ин ҳаққи касеро хӯрдан мебошад.
“Ҳар мусулмоне дар моҳи муборак ба бародари мусулмони худ раҳм намекунад ва ҳаққи ӯро мехӯрдад, муртакиби гуноҳ мешавад. Беасос боло бардоштани нархи маҳсулот дар моҳи муборак баракатро аз тиҷорати соҳибкор мепаронад”, - афзудааст намояндаи Шӯрои уламо.
Нурзода аз ҳадиси паёмбари ислом далел оварда, таъкид доштааст, ки “Паёмбари Худо мегӯяд, ки беҳтарин шахс ҳамон нафаре ҳаст, ки манфиаташ ба ҷомеа мерасад”.
Ин рӯҳонӣ аз соҳибкорон хостааст, боинсоф бошанд, то тамоми қишрҳои ҷомеа имкони хариди маҳсулотро дошта бошанд.
Одатан дар ин моҳ нархи маҳсулот ба таври бесобиқа боло меравад, аммо имсол тағйирот он қадар зиёд нест. Дар ҳамин ҳол, имсол нархи маҳсулоти хӯроквории асосӣ дар Тоҷикистон пас аз панҷ рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон чандон тағйир наёфтааст.
Нархи пиёзу карам каме арзон, сабзӣ ва гулкарам каме боло рафтааст. Дар баробари ин, маҳсулоти баҳорӣ, аз ҷумла кабудиҳои баҳорӣ, карами нав, ғӯра, ва ғайра пайдо шуданд.
Баҳси баланд бардоштани нархи маҳсулот, ба вижа маҳсулоти ниёзи аввалия ва хӯрока дар моҳи Рамазон ҳамасола доғ аст. Сокинон аз худсарона боло бурдани нарх шикоят мекунанд. Масъулин ё соҳибкорон сабаби инро ба болоравии қурби доллару камбуди маҳсулот рабт медиҳанд ё аслан болоравии нархро рад мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси омори расмӣ, танҳо дар ду моҳи аввали соли равон нархи навои маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 1,3% боло рафтаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста