Китоби нави Хуршед Атовулло, журналист ва нависандаи шинохтаи тоҷик зери номи “Ривояти дарвеш” дар Душанбе аз чоп баромад. Дар ин бора Рӯзибойи Умар, муҳаррири ин маҷмаа ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар китоб маҷмӯи ҳикояҳои давраи ҷавонии Хуршед Атовулло ҷамъ оварда шудаанд ва ба муносибати 50-солагии муаллиф пешкаши хонанда мегардад.
“Дар китоби “Ривояти дарвеш”, ба фарқ аз дигар китобҳои устод Хуршед Атовулло, ки омехтаи матолиби журналистӣ, публистистӣ-бадеӣ ва таронаҳо буд, танҳо ҳикояҳои дар солҳои ҷавонӣ навиштаашон гулчин карда шудааст”, - гуфт муҳаррири маҷмаа.
Рӯзибойи Умар афзуд, ки ин ҳикояҳо бештар мавзӯҳои лирикӣ, ишқӣ ва иҷтимоиро фаро гирифта, бозгӯи рӯҳияи ҷавонии муаллиф аст.
Китоб аз 112 саҳифа иборат буда, дар он ҳикояҳои кӯтоҳе чун “Қиссае дар дараи хомӯш”, “Рашки маҳтоб”, “Ривояти дарвеш”, “Рози маҷнунбед”, “Гули зардолу”, “Рози дил”, “Кулбае дар дашт”, “Марди танҳо” ба табъ расидаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Хуршед Атовулло аз зумраи журналистони маъруфи замони истиқлоли Тоҷикистон буда, ҳоло директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) аст. МТЖТ муассиси ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак” ва Агентии иттилоотии “Суғд-нюс” мебошад.
Бояд гуфт, Хуршед Атовулло аз синни шонздаҳсолагӣ дар журналистика ва адабиёти тоҷик қаламфарсоӣ мекунад. Мавсуф муаллифи китобҳои “Зиндони зиндагӣ”, “Шабчароғи ёд”, “Пайванди пайкараҳо”, “Марги журналист”, “Хунро бо хун мешӯянд”, “Тӯмори андӯҳ”, “Санге ба гӯри Лайлӣ” ва “Гули ишқ ва зодаи ашк” мебошад.
Дар асоси асари “Марги журналист”, ки қиссаи детективӣ мебошад, филм низ бардошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Хуршед Атовулло узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳаст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста