Оҳангсозони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе се рӯз Фестивали муштараки мусиқӣ баргузор мекунанд. Дар ин бора Амирбек Мӯсоев, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (ИКТ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим дар сафари ҳайати расмии ИКТ ба Ӯзбекистон дар ҳафтаи гузашта матраҳ гардида, қабул шудааст.
“Ин фестивал бо ташаббуси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон се рӯз дар Душанбе роҳандозӣ мешавад. Аз кишвари ҳамсоя 6 нафар композиторон ва бастакорони шинохта ба Тоҷикистон меоянд”, - шарҳ дод Мӯсоев.
Амирбек Мӯсоев гуфт, ин фестивал рӯзҳои 24-уми май дар Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, 25-уми май дар Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва 26-уми май дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Тавре ӯ афзуд, ҳайати оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон бо роҳбарии раиси Иттифоқи оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон Рустам Абдуллоев озими Душанбе хоҳанд шуд. Онҳоро Ҳабибулло Раҳимов, муовини раис ва Мустафо Вафоев, Дилором Саидаминова, Ойиддин Абдуллоева, Акмал Сафаров – оҳангсозон ва Элнура Мирзокамолова – навозанда ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
“Дар ин фестивал ҳамаи композиторон ва бастакорони аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ширкат мекунад. Ин ҷо асарҳои нав ва классикӣ ба намоиш гузошта мешавад”, - афзуд ҳамсӯҳбати мо.
Бояд гуфт, як сол қабл бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон чунин консерт дар Ӯзбекистон баргузор шуда буд. Гуфта мешавад, акнун бори нахуст ҳайати Иттифоқи оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд.
Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир равобити фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон жарфтар гардида, сафарҳои ҳунармандон бештар мешавад. Масалан, охирин сафари ҳунармандони кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон охири соли гузашта иттифоқ афтода буд. Он замон Театри лухтаки Бухоро бори аввал ба Душанбе омад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста