Дар ин мавод доир ба афзоиши аҳолӣ, теъдоди занону мардон, инчунин зиёд будани аҳолии деҳот ё шаҳр маълумот медиҳем.

Ёдрас мекунем, ки сокини 10-миллион нафараи Тоҷикистон моҳи июли соли гузашта таваллуд шуд. Писарча бо номи Фирдавс дар таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад. Ба ин муносибат ҳукумат ба оилаи онҳо хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим кард.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори кишвар, афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як сол тайи 10-солаи ахир ҳудуди 2,4%-ро ташкил дод Ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии саросари ҷаҳон дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна 1,5% зиёд шудааст.

Ҳамаи маълумот то 1 январи соли 2022 бо ҳазор нафар оварда шудааст (маълумоти охири соли 2022 ҳоло дастрас нест).


Нишондиҳандаҳо барои давраи солҳои 2021-2022 байни аҳолии деҳот дар муқоиса бо соли 2020 қариб тағйир наёфтаанд. Аз он замон теъдоди аҳолӣ дар деҳот каме зиёд шудааст.

Аммо дар байни аҳолии шаҳр соли 2022 дар муқоиса бо соли 2021 афзоиши назаррас ба мушоҳида мерасад.


 


 


Ҳар рӯз дар Тоҷикистон чанд нафар таваллуд мешаванд?

Дар охири соли 2022, тибқи маълумоти Ҳисобкунаки аҳолии ҷаҳон Countrymeters, шумори аҳолии Тоҷикистон 10 млн 078 ҳазору 507 нафар зикр шудааст. Дар давоми соли 2022 ин теъдод тақрибан 221 ҳазору 005 кас афзудааст.

Тибқи ҳисоби Countrymeters, соли 2022 ҳамарӯза дар Тоҷикистон тақрибан 605 нафар таваллуд шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.