Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як огоҳинома гуфтааст, саҳифае, ки дар “Фейсбук” аз номи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баромад мекунад, тақаллубӣ (фейк) буда, соҳиби он дар кофтуков қарор хоҳад гирифт.
Саҳифаи расмии Раёсат дар “Фейсбук” навиштааст, ки ин саҳифа ба Рустами Эмомалӣ рабте надорад ва ҳамаи интишороти он аз ҷониби шахси номаълуме мунташир гаштааст.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз шарҳу тавзеҳот ва густариши аккаунти мазкур худдорӣ намоянд.
“Ба хотири мувоҷеҳ нашудан ба ҳаводиси номатлуб, эҳтироман аз Шумо хоҳиш мекунем, ки аз шарҳу тавзеҳот ва густариши аккаунти мазкур худдорӣ намоед”, - омадааст дар эълони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД.
Онҳо гуфтаанд, ки “соҳиби аккаунти мазкур тибқи қонунгузорӣ мавриди пайгард қарор хоҳад гирифт”.
Ин бори авал нест, ки мақомот аз боз шудани саҳифаҳои қалбакӣ ба номи Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор медиҳанд ва дастандакорони онро ҷустуҷӯ мекунанд.
Қаблан низ шаҳрдории Душанбе гуфта буд, ки дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аз номи Рустам Эмомалӣ камубеш се саҳифа ифтитоҳ шудааст, ки ҳамаашон қалбакӣ мебошанд.
Он замон, ҳукумати шаҳр аз ВКД дархост карда буд, ки дар муайян кардани созмондиҳандагрони ин саҳифа ва мақсади онҳо бо шаҳрдорӣ ҳамдастӣ кунад.
Маълум мешавад, ки то ҳол соҳиби ин саҳифа маълум ва дастгир нашудааст.
Шаҳрдории пойтахт гуфта буд, ки Рустам Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа надорад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста