Дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳудуди 350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 ҳазор нафар ё 40 дарсад бештар аст. Дар ин хусус Хадамоти федеролии омори давлатии Русия хабар медиҳад
Тоҷикистон тибқи ин нишондод, пас аз Ӯзбекистон дар ҷойи дуввум қарор дорад. Аз Ӯзбекистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 630 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба Русия рафтаанд. Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 беш аз 72 дарсад ё 264 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Қирғизистон (тақрибан 173 ҳазор нафар), Арманистон (беш аз 47 ҳазор нафар), Қазоқистон (тақрибан 35 ҳазор нафар) низ ба панҷгонаи таъминкунандагони қувваи кории аслии Русия дохил шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, беш аз 516 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафҳои мухталиф (тиҷоратӣ, сайёҳӣ, хусусӣ, таҳсил, сафарҳои транзитӣ ва ғайра) ба қаламрави Русия ворид шуданд.
Аксари онҳо (тақрибан 364 ҳазор нафар) ба қаламрави Русия тавассути нақлиёти ҳавоӣ, 130 ҳазор нафар тавассути автомобил, беш аз 16 ҳазор нафар тавассути роҳи оҳан, 4 нафар тавассути нақлиёти обӣ ва ҳудуди 7 ҳазор нафар пиёда (масалан, тавассути сарҳади Қазоқистону Русия. –идора) рафтаанд.
Тибқи омори Русия, дар семоҳаи аввали соли 2023 қариб 1 миллиону 300 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вориди Русия шудаанд, ки ҳадафи сафари худро “кор” қайд кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаҳои се моҳи аввали соли гузашта 1,6 маротиба бештар аст. Дар семоҳаи аввали соли гузашта, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 840 000 хориҷӣ марзро убур кардаанд.
Соли 2022 ҳудуди 3,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ барои кор вориди Русия шудаанд, ки ҳудуди 987 ҳазор нафарро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Муҳоҷирати корӣ ба Русия яке аз сарчашмаҳои асосии даромади аксари хонаводаҳои тоҷик боқӣ мемонад.
Маблағи интиқоли муҳоҷирони кории тоҷик ба Ватан дар даҳсолаҳои охир, дар солҳои гуногун, аз чоряк то нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил додааст.
Мақомоти Тоҷикистон аз додани маълумот ба расонаҳо дар бораи интиқолҳо худдорӣ мекунанд, ҳарчанд дар ин бора ҳеҷ гуна маҳдудияти қонунӣ вуҷуд надорад.
Қаблан расонаҳои Тоҷикистон ин иттилоъро дар сомонаи Бонки марказии Русия дарёфт карда метавонистанд, аммо баъди оғози низоъи мусаллаҳонаи Русияву Украина, Бонки марказии Русия аз нашри чунин маълумот худдорӣ мекунад. Дар бораи сабабҳо ва мӯҳлати худдорӣ аз нашри маълумот, иттилоъ дода нашудааст.
Соли 2021 маблағи интиқоли муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 миллиард долларро ташкил дод, ки ба 21% ММД-и ҷумҳурӣ баробар буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста