Имрӯз, 12-уми май, ба ифтихори Рӯзи Шашмақом дар Душанбе фестивали “Навои Шашмақом” баргузор мешавад. Дар ин бора аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, фестивали мазкур соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев оғоз мешавад. Вуруд ба консерт бо даъватнома ва чипта аст.
“Дар фестивали “Навои Шашмақом” Ансамбли “Шашмақом”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва шашмақомсароёни маъруф аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Бохтар ва Душанбе ширкат меварзанд”, - гуфтанд аз Филармония.
Тавре масъулин афзуданд, дар доираи ин фестивал шашмақомсароён қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, Шашмақом - мусиқии суннатии миллати тоҷик аст ва аксари таронаҳои он дар бораи ишқу ирфон суруда мешавад. Дар ин навъи мусиқӣ созҳои рубоб, барбат, доира, даф ва танбур ба кор бурда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки Шашмақом аз мақомҳои бузрук, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил шудааст. Шашмақом гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва “Қуръон”-и мусиқӣ ёд мешавад.
ЮНЕСКО соли 2000 Шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин, меъроси ғайримодӣ сабт кард. Он аз ҷониби аксари мусиқишиносон ҳамчун шоҳкории фарҳангӣ эътироф мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ҳар сол 12-уми май дар саросари кишвар чун “Рӯзи Шашмақом” таҷлил мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста