Сар аз имрӯз, 16-уми май, бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳҳо дар хиёбони Бобоҷон Ғафурови пойтахт маҳдудият ҷорӣ мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои “Саодат” ҷорӣ шудааст.
“Ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилгард, шаҳрвандон ва меҳмонон расонида мешавад, ки баҳри татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар ин кӯча муваққатан қатъ карда мешавад”, - менависад шаҳрдорӣ.
Бинобар гуфтаи шаҳрдории Душанбе, маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи мазкур як моҳ, то 15 июн, идома мекунад.
Аз ин лиҳоз, шаҳрдории Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Бобоҷон Ғафуров истифода баранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста