Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ акнун бо сабти изи ангушт ба дарс ҳозир мешаванд. Ҳадаф, пешгирӣ аз дарсшикании омӯзгорон аст.
Чанде аз омӯзгорони ин муаассисаи таълимӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, воқеан, саҳар вақте ба кор ҳозир мешаванд, дар дастгоҳи махсус изи ангушти худро сабт карда, ба донишгоҳ ворид ва ҳамин тариқ ба дарсҳо мебароянд.
Саҳифаи расмии ДДОТ дар “Фейсбук” ҳам гирифтани изи ангуштро аз омӯзгорон барои ворид гардидан ба дарсҳо тасдиқ карда, аз номи Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ навиштааст, ки “онро танҳо ба хотири тарбияти дурусти донишҷӯён ва роҳ надодан ба дарсшиканиву беназорат гузоштани донишҷӯён ба роҳ мондем”.
Манбаъ тасдиқ кардааст, ки бисёре аз омӯзгорони ин муаассиса дар вақти зарурӣ дар ҷойи кор нестанд ва ё ба таъхир ҳозир мешаванд.
Талаби нав аз омӯзгорон дар ҳолест, ки солҳост масъалаи норасоии кадрӣ дар соҳаи маориф доғ аст ва худи омӯзгорон мегӯянд, маҳз маоши паст ва ҷорӣ нагардидани имтиёзҳое ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад, яке аз сабабҳои тарки соҳа карданашон мебошад.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бори охир моҳи августи соли гузашта хабар дода буд, ки норасоии омӯзгоронро дар ҳудуди кишвар аз тақрибан 3,5 ҳазори ду моҳ пеш ба 544 нафар расонидааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ин ниҳод хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, то он замон дар ВМКБ 113 омӯзгор, вилояти Хатлон 25, вилояти Суғд 60, шаҳри Душанбе 35 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 311 омӯзгор намерасад.
Дар яке аз ҷаласаҳои дигар, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм аз норасоии устодони унвондор дар донишгоҳҳо, аз ҷумла аз ДДОТ, ки 30 дарсад намерасад, интиқоди шадид карда буд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маорифро интиқоди шадид кард ва гуфт, ин бахш ниёз ба ислоҳоти фарогир дорад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста