Дар вилояти Суғд беш аз 60 духтур барои “иҷро накардани дастурҳои клиникӣ” ва “риоя накардани талаботҳои протоколҳои клиникӣ” аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозот шудаанд.
Ба иттилои Илҳом Пӯлотзода, сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд давоми 5 моҳи аввали соли 2023 нисбати 24 нафар корманди тандурустӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 16 ҳазору 660 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.
Инчунин, ба сарварони муассисаҳои тиббӣ мактуб ирсол гардида, дархост шудааст, ки нисбати 38 нафар корманди тибб барои роҳ додан ба кабудиҳо муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шавад.
“Кормандони соҳаи тибб тибқи моддаи 110-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне “иҷро накардани дастурҳои клиникӣ” ва “риоя накардани талаботҳои протоколҳои клиникӣ” муҷозоти маъмурӣ шудаанд. Аксари онҳо ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда 68 сомонӣ), яъне 680 сомонӣ ҷарима гардидаанд. Танҳо як нафар духтур 15 нишондиҳанда, яъне 1 ҳазору 20 сомонӣ ҷарима шудааст”, - зикр намуд Илҳом Пӯлотзода.
Гуфтан ба маврид аст, ки хунукназарӣ, таъиноти нодурусти доруворӣ, муносибати ғайрикасбӣ ва роҳ додан ба камбудиҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбӣ аз мубрамтарин масъалаҳое аст, ки сокинон вақти интиқод аз мушкилоти соҳаи тибб номбар мекунанд.

Мақомот низ аксар ҳолат, духтуронро бо ин ҷурм муҷозот менамоянд.
Масалан, аввали соли ҷорӣ, пас аз марги шашоник дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд, чанд корманди ин муассисаи тиббӣ муҷозот шуданд.
Моҳи майи соли ҷорӣ як духтури беморхонаи Ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе барои “номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс шудааст” боздошт гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста