Имрӯз, 29-уми июн, даври шаҳрии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан ва Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва дар он ғолибон муайян шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд. Дар ин бора Ҷамшед Олимов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин даври дуюми фестивалу озмун буда, соати 18:00-и шоми имрӯз дар “Боғи Фирдавсӣ”-и пойтахт баргузор хоҳад шуд.
“Даври аввали Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан ва Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе баргузор шуда буд ва шоми имрӯз ҳунар ва маҳсули кори ҳунармандону ширкатҳое, ки дар он давр ғолиб омада буданд, ба намоиш гузошта мешавад. Ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ мекунанд ва беҳтаринҳоро ба даври ҷумҳуриявии фестивал ва озмуни мазкур роҳхат медиҳанд”, - шарҳ дод Ҷамшед Олимов.
Сухангӯи шаҳрдори Душанбе мегӯяд, аз ҷониби шаҳрдорӣ барои баргузории Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан 26 ҳазору 340 сомонӣ ва барои ташкили Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ 16 ҳазору 860 сомонӣ ҷудо шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, муовини шаҳрдори Душанбе - сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва ҳукумати шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан дар шаҳри Душанбе ва Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ муваззаф шудаанд.
Ҷамшед Олимов таъкид кард, ки даври ҷумҳуриявии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан ва Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва ғолибон муайян мегарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста