Қарори сартабибии давлатии санитарии вилояти Суғд таҳти №1 аз 17-уми майи соли 2023 фурӯши “маҳсулотҳои зуднобудшаванда ба монанди сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, обҳои ташнашикани худсохт ва консерваҳои хонагӣ”-ро манъ кард, аммо то ба ҳол ин бозор "гарм" аст.
Ба қавли масъулин, ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ин гуна қарори сардухтур ба табъ мерасад.
Гуфта мешавад, мақсади асосӣ пешгирии бемориҳои шадиди маъдаю рӯда, бо ин мақсад гузаронидани корҳои пешгирикунанда, омилҳои ба он мусоидаткунанда мавриди корбарӣ қарор дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, аз содиршавии ин қарор беш аз ду моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, бозори маҳсулоти зуднобудшаванда чун пештара гарм аст. Муаллифи минтақавии хабаргузории “Азия-Плюс” ин мавзӯъро пайгирӣ кард ва фоторепортаж таҳия намуд.
Бепарвоии сохторҳои марбута
Тавре дар қарор омадааст, вобаста ба фарорасии фасли гармо талаботи аҳолӣ ба истеъмоли нӯшокиҳои ташнашикан, яхмоси мулоим, сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, хӯришҳои худсохти хонагӣ, консерваҳои хонагӣ, каллаю почаи яхкардашуда, оби ҷав ва дигар маҳсулоти хӯрока зиёд мешавад.
“Фуруши ин номгуйи маҳсулот дорои сертификати гигиенаи маҳсулот ва хулосаи санитарию эпидемиологӣ намебошанд, барои пешгирӣ аз бемориҳои зикршуда ва таъмини бехатарии озуқаворӣ манъ карда шавад”, - омада буд.
Аммо мо вақте ба бозори марказии “Паншанбе”-и шаҳри Хуҷанд рафтем, сари ҳар қадам фурӯши маҳсулоти қаннодии кремдор, обҳои ташнашикан, маҳсулоти гӯштӣ ва ғайра муҳошида мешуд. Маълум буд, нозирони минтақавие, ки барои назорати иҷроиши қарор масъул шуда буданд, ҳолатро дида “чашм” мепӯшиданд.
Ҳамчунин, дар наздикии дорухонаи марказии №7 - бозори “Пашҷшанбе” дидем, ки ноболиғе ба фурӯши обҳои таншаникан, ки тибқи қарор то моҳи сентябр манъ шудааст, машғул аст. Як нозири минтақавӣ дар назди ин нуқтаи обфурӯшӣ истода, аммо нисати ҳолат бепарво буд. Баъдан ӯ барои қарорро амалӣ накардан протоколи маъмурӣ ва ба маблағи 136 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд, аммо пас аз супурдани ҷарима боз ба кораш идома дод.
Протоколи маъмурӣ ва ҷаримаи он
Дар самти назорати беҳдошти ғизо наздики як ҳазор адад протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, наздики 290 ҳазор сомонӣ ҷарима аст.
Маҷнун Орипов муовини сартабиби давлатии санитарии вилояти Суғд (СЭС) 21-уми июл дар суҳбат ба “Азия-плюс” гуфт, ки ин ҷаримаҳо дар самти хӯроки умум ошхонаю қаҳвахона ва ғайра ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Дар умум, ба гуфтаи масъулин, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар самти беҳдоҳти ғизо 991 протокол тартиб дода шуда, 288 ҳазору 948 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста