Имсол аз 74 ҳазору 601 хатмкунандаи синфи 11, ки ба Маркази миллии тестӣ барои шомил шудан ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супорида буданд, 51 ҳазору 711 нафар сазовори унвони донишҷӯ гардиданд. Нафарони донишҷӯшуда шаби 25-уми июл тариқи паёмак огоҳ карда шуданд.
Дар ин бора Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори ММТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба қавли ӯ, соли ҷорӣ 14 ҳазору 80 нафар хатмкардаи синфи 9-ум ба ММТ ҳуҷҷат супорида, 7 ҳазору 412 нафар ба муассисаҳои олии миёна роҳхат гирифтаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки соли гузашта 82 ҳазору 718 нафар аз ҳисоби хатмкунандаи синфи 11 ва 13 ҳазору 303 аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9 барои супоридани имтиҳон дар ММТ ба қайд гирифта шуданд. Дар ниҳоят, баъди ҷамъбасти имтиҳонҳо, 51 ҳазору 809 нафар хатмкунандагони синфи 11 ва 6 ҳазору 179 нафар хатмкунандагони синфи 9 ба донишгоҳҳову коллеҷҳо роҳхат гирифтанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста