Давоми шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон беш аз 380 ташкилоти ҷамъиятӣ бо сабаби камбуди маблағ барҳам хӯрдааст ва ин беш аз 50 дарсади ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятии дар вилоят сабтшударо ташкил медиҳад
Сафар Салимзода, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотияш изҳор дошт, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон дақиқан 383 ташкилоти ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барҳам хӯрданд.
“Аз сабаби он ки бисёри онҳо барои фаъолияти минбаъда маблағ пайдо накарданд, худи муассисон бо ариза барои барҳам додани ташкилоташон муроҷиат карданд”, - гуфт Сафар Салимзода.
Ба иттилои ӯ, дар оғози сол дар вилояти Хатлон 589 ташкилоти ҷамъиятӣ, 115 филиал ва 24 намояндагӣ фаъолият мекарданд ва ҳоло теъдоди онҳо ба 193 ташкилоти ҷамъиятӣ, 97 филиал ва 18 намояндагӣ расидааст. Ғайр аз ин, дар вилоят 13 ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
Сафар Салимзода гуфт, дар шаш моҳи соли равон ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят аз манбаъҳои гуногун ба маблағи 4 миллиону 528,9 ҳазор сомонӣ ва 62 ҳазору 526,3 доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста