Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, дар вилояти Хатлон 5 ҳолати бастани ақди никоҳ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷиён сабт шудааст.
Дар ин бора Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Дар маҷмӯъ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 5 ҳолати бастани ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Восеъ як зани тоҷик бо марди чинӣ ақди никоҳ бастааст, дар ноҳияҳои Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Кӯлоб мардҳои тоҷик бо занҳои узбекистонӣ оила бунёд кардаанд ва дар ноҳияи Хуросон марди тоҷик бо зани тоҷики бидуни шаҳрвандӣ хонадор шудааст”, - гуфт Бунафша Раҳимзода.

Ба иттилои ин масъули САҲШ дар ҳамин давраи соли гузашта се ҳолати бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шуда буд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ осон нест ва талаботҳои худро дорад. Тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ҳар нафаре, ки мехоҳад бо шаҳрванди Тоҷикистон ақди никоҳ бандад, бояд пеш аз ҳама шартномаи ақди никоҳро имзо кунад ва як соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ дошта бошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста