Литсейи Оқохон чаро давлатӣ шуд?
Сабаби асосии давлатӣ кардани Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ берун аз нақшаҳои таълимӣ амал кардани мудирияти мактаб ва муаллимони он будааст.
Ин нуктаро имрӯз, 1-уми август, Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.
Ӯ гуфт, ки низоми таълим дар кишварро Стандарти давлатии таҳсилот муайян ва муқаррар мекунад, вале он аз ҷониби муаллимони Литсейи Оқохон дар Хоруғ сарфи назар шудааст.
“Ҳатто забони давлатӣ камтар омӯзонида мешуд ва ба забонҳои хориҷӣ афзалият медоданд”, - шарҳ дод муовини вазири маориф ва илм.
Бояд гуфт, ки Литсейи Оқохон пас аз 25 соли фаъолият моҳе пештар давлатӣ карда шуд. Ин муассисаи таълимии зертобеи Шабакаи Оқохон, минбаъд ҳамчун “Литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат” ва зери назари Вазорати маориф ва илм кор мекунад.
“Директори мактаб барои дахолат ба хариди либос ҳақ надорад”
Зимни нишасти матбуотӣ, ҳамчунин масъалаи хариди либоси мактабӣ низ баррасӣ гардид.
Масъалаи мазкур ҳар сол қабл аз оғози соли хониш доғ мешавад, зеро баъзе аз масъулини мактабҳои кишвар волидонро маҷбур мекунанд, барои фарзандонашон аз мағозаҳои муайян либос харанд.
Масъулини вазорат мегӯянд, хариди либоси мактабӣ аз ҷойҳои мушаххас иҷборӣ нест ва волидону хонандагон ҳақ доранд, ки либоси мактабии худро озодона харанд.
“Директори мактабҳои миёнаи кишвар ҳақ надоранд, ки волидони хонандагонро маҷбур созанд, то либоси фарзандашонро аз ҷои хосе харидорӣ кунанд”, - гуфт Зиёдулло Абдулзода.
Ӯ таъкид намуд, ки либосҳои ягона танҳо тавсиявӣ буда, директорони мактабҳо танҳо метавонанд барои осон шудани харидории либос ба волидон мусоидат кунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста