“Ман як хеши шумо - бачаи холаи шумо аз Малайзия ҳастам ва миллион долларро мехоҳам бароятон тақдим кунам”. Ба ин монанд паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд шудаанд ва шояд шумо ё наздикони шумо ҳам чунин паём гирифтаед. Ба эҳтимоли зиёд чанд лаҳзае сари ин паёмҳо андеша ҳам кардаед, ки мешавад ба он бовар кард ё не. Ва ё шояд кӯшиши ба даст овардани маблағро ҳам карда бошед. Аммо дақиқан муваффақ нашудаед, чун ин як навъи қаллобӣ аст, ки бо рушди фановариҳои ҷадид ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Махсусан, чанд соли охиро қаллобӣ дар интернеет ба маротиб афзуда, роҳҳову шеваҳои нав пайдо кардааст.

Қаллобони интернетиро чӣ тавр бояд шинохт? Кадом роҳи мубориза бо онҳо муассир аст? Дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо ин гуна ҳолат чӣ бояд кард ва ба куҷо муроҷиат намуд?

Дар ток-шоуи навбатии “Рости гап” ин мавзӯъ баррасӣ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.