Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ҳолатҳои даст ба ришваситонӣ задани муаллимони ин муассисаро комилан рад кард, вале мақомот дастикам аз 3 ҳолати боздошти омӯзгорон бо ҷурми ришвахӯрӣ иттилоъ медиҳанд.
Дар нишасти матбуотии ДДХ вақте рӯзноманигорон дар мавриди ришваситонии омӯзгорони ин даргоҳ пурсон шуданд, ректори донишгоҳ гуфт, “давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ягон устоди донишгоҳи мо даст ба коррупсия назадааст”.
Вақте рӯзноманигорон хабарҳои нашркардаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро оид ба боздошти устодони ДДХ зикр карданд, Усмонзода гуфт, “то замоне ҷиноят аз ҷониби мақомоти қудратӣ расман тасдиқ нашавад ҷиноят маҳсуб намеёбад”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ду моҳи охир дастикам 3 ҳолати ришваситонии устодон ва ҳатто декани ДДХ аз ҷониби масъулини РВКД дар вилояти Суғд ошкор ва тариқи барномаи “Милитсия хабар медиҳад” расонаӣ карда шудааст.

Аз ҷумла, 21-уми май дафтари матбуоти РВКД дар вилояти Суғд бо нашри як гузориши видеоӣ аз ҳолати даст ба ришва задани декан ва муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ хабар дода буд.
Гуфта мешуд, ки Иброҳим Ҷабборзода, декан ва Нуралӣ Шукуров, муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ бо гумони гирифтани пора боздошт шудаанд.
Онҳо аз як донишҷӯйи соли сеюми ихтисоси таърих, ки шаҳрванди хориҷӣ будааст, пора талаб карда буданд.
“Дар пайи шикояти донишҷӯ рӯзи 2-юми май прокуратура ва раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд муовини декани факултаро ҳангоми гирифтани 1500 сомонӣ боздошт кардаанд”,- омада буд дар гузориш.
Нисбати ҳарду бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, яъне гирифтани “ришва” парванда боз шуда, тақдири минбаъдаашон ҳоло расонаӣ нагардидааст.
Пас аз як моҳи ин гузориш, ВКД боз аз боздошти Алиҷон Набиҷонов, муаллими факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иттилоъ дода, гуфта буд, ӯ ба далели гирифтани 8 ҳазор сомонӣ пора айбдор мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста