Дар давоми 11 соли охир бо мақсади кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» 3 ҳазору 211 оила бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, қариб 15 ҳазор нафар одамон кӯчонида шуданд ва ҳоло дар манзилҳои нави доимӣ истиқомат доранд.
Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони неругоҳи «Роғун» президенти Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки нақшаи кӯчонидани деҳаҳои боқимондаи минтақаи зериобшаванда тибқи ҷадвали пур намудани обанбори неругоҳ идома дорад.
Президент зикр кард, ки бо мақсади дар маҳаллаҳои нави зист фароҳам овардани шароити мусоид иншооти зарурии инфрасохторӣ ва дар навбати аввал, мактабҳо, марказҳои саломатӣ, хатҳои оби нӯшокӣ, барқ ва роҳҳо бунёд гардидаанд.

“Тайи солҳои 2011-2022 ва 6 моҳи соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои нави зисти муҳоҷирон 119 иншооти инфросохторӣ – 9 мактаб бо зиёда аз 7000 ҷойи нишаст, 8 бунгоҳи тиббӣ бо 200 кат, 45 километр хатти оби нӯшокӣ, 103 километр хатти интиқоли барқ, 124 километр роҳу роҳрав, боғи фарҳангу фароғат, варзишгоҳ бо 5000 ҷойи нишаст ва иншооти дигар ба маблағи умумии 450 млн сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст”, - хабар дод сарвари давлат.
Гуфта мешавад, дар ин давра барои омода намудани минтақаи зериобшавандаи неругоҳи «Роғун», дар маҷмӯъ, 784 млн сомонӣ азхуд гардидааст.
“Дар натиҷаи корҳои амалигардида тибқи нақшаи чорабиниҳои кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшаванда имрӯз маркази ноҳияи Нуробод ба як шаҳри воқеан замонавӣ табдил ёфтааст”, - иброз дошт президент.
Ба гуфтаи президент, вобаста ба татбиқи марҳалаи навбатии корҳои сохтмон, хусусан, марҳалаи то сатҳи 1185 метр аз сатҳи баҳр бардоштани сарбанд ва пур кардани обанбори неругоҳ нақшаи кӯчонидани аҳолӣ барои солҳои 2021-2025 бомаром амалӣ гардида истодааст.
Ғайр аз ин, президент изҳор намуд, ки имрӯз дар иншооти неругоҳ 14 ҳазору 164 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 600 нафар зиёд мебошад.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки шумораи зикршуда барои бомарому босуръат идома додани корҳои сохтмон ҳоло ҳам кифоя нест ва “зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд”.

Дар робита ба маблағгузории сохтмони иншоот президент иттилоъ дод, ки барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳи «Роғун» дар зарфи солҳои 2008-2022, яъне аз оғози корҳои барқарорсозиву сохтмон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 млрд сомонӣ маблағ равона карда шудааст.
“Танҳо соли 2022 барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 2,6 млрд сомонӣ пешбинӣ гардида буд, вале ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин мақсад, дар маҷмӯъ, 4 млрд сомонӣ равона намуд”, - гуфт ӯ.

Зикр шуд, ки аз оғози соли ҷорӣ барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоот, корҳои лоиҳакашиву таҳқиқотӣ ва ҷустуҷӯӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва хизматрасониҳо аз ҳисоби буҷет 2,6 млрд сомонӣ, аз ҳисоби фурӯши барқи истеҳсолкардаи неругоҳи «Роғун» 427 млн сомонӣ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 3 млрд сомонӣ равона карда шуд.
“Яъне нақшаи солона 2,5 млрд сомонӣ буд, вале то имрӯз беш аз 3 млрд сомонӣ маблағгузорӣ гардид”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста