Бо донистани мафҳум ва намуду ҳадафҳои “дезинформатсия”, шумо метавонед онро зуд шиносед ва ба он дода нашавед.
Дар замони имрӯза миқдори иттилоот рӯз то рӯз меафзояд, ки ин хонандаро ба бунбаст гирифтор мекунад. Истеъмолкунандаи иттилоот намедонад ба кадоме аз маълумоти гирифтааш бовар намояд.
Бахше аз хабарҳои дар ВАО ё шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасида манфиати созмон ё ширкатҳои хусусиву давлатиро инъикос менамоянд. Ин ба он оварда мерасонад, ки эътимоднокии иттилоот барои истеъмолкунандагон (дар ВАО, Интернет, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ) якбора коҳиш меёбад.
Пахшкунандагони иттилоот на ҳама вақт ба дурустии маълумот таваҷҷуҳ мекунанд, онҳо маълумотро танҳо барои ба даст овардани фоида пахш менамоянд. Бинобар ин, вақтҳои охир тарзи пешниҳод ва сифати иттилоот паст шуда истодааст.
Имрӯз тасмим гирифтем дар бораи мафҳуми “дезинформатсия” ё иттилооти бардурӯғ маълумот дода Шуморо бо ҳадаф ва намудҳои он ошно намоем.
“Дезинформатсия” чист?
“Дезинформатсия” ин маълумоти махсуси бардурӯғест, ки ба душман ё шарики тиҷорат бо мақсади самараноктар гузаронидани мубориза, ҳамкорӣ, санҷиши ихроҷи иттилоот ва самти интиқоли он ва ё дарёфти муштариёни эҳтимолӣ дар бозори сиёҳ пахш мешавад.
Инчунин мафҳуми “дезинформатсия” ҷараёни коркарди таҳрифи иттилоотро низ ифода мекунад. Масалан: Гумроҳ намудани шахс бо роҳи пешниҳоди маълумоти нопурра ё пурра, иттилои нодаркор, тағйири мазмун ва қисман таҳриф намудани иттилоъ.
Мақсадҳои «дезинформатсия»:
- гумроҳ кардани шахс ё гурӯҳи одамон;
- таҳти таъсир (манипулирование) қарор додани шахс ё гурӯҳ;
- ташаккули афкори ҷомеа дар бораи ягон мушкилоти ҷомеа ё объект.
Гумроҳнамоӣ ин фиреби мустақим ва пешниҳоди маълумоти бардурӯғ нест. Дасткорӣ (манипулятсия) усули таъсиррасонӣ мебошад, ки бевосита барои тағйир додани самти фаъолияти одамон равона карда шудааст. Таҳти таъсир гузоштан (манипулирование) ба қисмҳои зерин ҷудо мешавад:
- мустаҳкам кардани арзишҳои мавҷуда дар зеҳни мардум, ки барои дасткор (манипулятор) муфид мебошанд (ғояҳо, муносибатҳо ...);
- қисман тағйир додани нуқтаи назари одамон оид ба ягон воқеа ё вазъияти мушаххас;
- ба таври қатъӣ тағйир додани муносибатҳо ба зиндагӣ;
Саводи расонаи худро муккамал созед ва маводи ВАО-ро дар шакл ва жанрҳои гуногун таҳлилу арзёбӣ кунед. Ба он чизҳое, ки тамошо мекунед, мебинед ва мехонед интиқодӣ назар кунед. Хабарҳои сомонаҳоро таҳлил кунед, то дар он тарғибот, сензура ва ё яктарафагии иттилоъро дарк карда тавонед.
Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста