Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ба назди зарардидагони садамаи нақлиётӣ дар Кӯлоб рафта, ба онҳо кӯмаки пулӣ кардаанд ва ваъда додаанд, ки хонаҳояшонро барқарор мекунанд.

Дар ин бора Сафаралӣ Ёров, сардори яке аз оилаҳои зарардида ба “Азия-Плюс” хабар дода, афзуд, ки ин ду мақомдори тоҷик пас аз як рӯзи фоҷеа ба аёдати онҳо рафта, ҳамдардӣ баён кардаанд.

Бинои хонаи Ёровҳо комилан бунёд нагардида, ба хок яксон шуд. Сафаралӣ Ёров мегӯяд, ки оилаи онҳо солҳо маблағ ҷамъ оварданд ва бар замми ин, қарз гирифта, хонаро месохтанд.

Сафаралӣ Ёров
Asia-Plus

“Ҳамин чанд моҳи пеш буд, ки сохтмони хонаро ба анҷом расонида, ба ин ҷо кӯч баста будем. Ҳоло корҳои сохтмонии гирду атрофи хона боқӣ монда буд. Ҳатто ман дар ошёнаи якуми хона нуқтаи васлкунӣ ва таъмири мошинҳоро сохта будам. Мо аз ин хеле шод будему рӯзгори хушеро дар ин хона орзу доштем”, - нақл мекунад Сафаралӣ Ёров.

Ба қавли ӯ, дар ин хона се оилаи калон ва дар ҷамъ 12 нафар зиндагӣ мекарданд ва ҳоло ҳаммаашон овораву бехона шудаву дарбадаранд.

Сафаралӣ Ёров мегӯяд, ки “падарам, модарам, ману ҳамсараму се фарзандам, додараму ҳамсараш ва се кӯдакаш ҳоло дар саргардониҳо қарор дорем. Занҳои оила дар хонаи амакам ҳастанд ва мотам доранд. Афсӯс, се нафар аъзои оилаи амакам дар ин фоҷеа фавтиданд. Мо мардҳо бошем, чанд шабонарӯз шуд, ки дар хонаи ҳамсояҳо шабро рӯз мекунем”.

1/3

Хисорот ҳисоб нашудааст, вале хонаҳо аз нав сохта мешаванд

Мақомоти кишвар таъкид мекунанд, ки хонаҳои дар ин садма харобшударо дигарбора бунёд мекунанд, вале хисороти расидаро то ба ҳол расонаӣ накардаанд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ имрӯз, 9-уми август, зимни сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки “хисороти садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб то ба ҳол ҳисоб карда нагардидааст, вале Ситод ташкил шуда, аз пайи рафъи зарар мебошад”.

“Дар ин воқеа се хона хароб шудаанд ва Ситод барои дигарбора бунёд шудани ин хонаҳо аллакай замин ҷудо кардааст. Ин хонаҳо аз ҷониби ҳукумати вилоят ва шаҳри Кӯлоб аз нав сохта ва ба соҳибонашон дода мешаванд”, - гуфт Умеда Юсуфӣ.

Орзу Ҳамидиён, муовини шаҳрдори Кӯлоб дар сӯҳбат бо “Азия-Плюл” гуфт, ки дар пайи ин садамаи нақлиётӣ 11 нафар ҷон бохта, 7 мошин аз кор баромада ва 2 хона валангор шудаанд.

Муовини шаҳрдори Кӯлоб гуфт, маблағи умумии зарари садамаи нақлиётӣ то ҳол ба пуррагӣ муайян нашудааст, зеро ҳанӯз ҳам Ситод корашро давом дода истодааст ва хулосаи ниҳоиро ҳанӯз набаровардааст. Ҳамчунин, додситонии шаҳри Кӯлоб ва дигар ниҳодҳои қудратӣ низ пайи таҳлилу ташхис ҳастанд.

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад, дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” аз фавти боз як маҷрӯҳи дигар хабар дод: Мадинаи Ҷумахон, ки 15-сол дошт ва дар пайи ин садамаи нақлиётӣ зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта буд, ахиран дар бемористон аз олам даргузашт.

Қаблан аз Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб 10 нафар кушта шудаанд. Ном ба ном дар матлаби зер хонед.

1/4

Шоҳроҳе, ки шоҳиди чанд садамаи пуровозаи нақлиётӣ шудааст

Яке аз паҳлӯҳои норӯшаи ин садамаи пуровозаи нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб роҳи мошингард ба ҳисоб меравад. Ба қавли сокинон, дар замони Шӯравӣ мошинҳои вазнини боркаш дар шоҳроҳи Кӯлоб-Шӯрообод-Помир аз канори шаҳри Кӯлоб мегузаштанд ва аз қарибии Корхонаи хишти Кӯлоб мебаромаданд. Ин роҳ маҳалли аҳолинишин ҳособ намешуд.

Бурҳони Қаноат, як нафар сокини шаҳри Кӯлоб аз он нигарон аст, ки дар вақти сохтани шоҳроҳи Кӯлоб-Шӯрообод-Помир масъулин ҷанбаҳои хатарзои онро ба инобат нагирифтанд, ки ҳоло боиси садамаҳои зиёдӣ нақлиётӣ ва ҷон бохтани сокинони маҳаллӣ гардидааст.

Ба қавли ӯ, ин шоҳроҳ ҳоло аз кӯчаи Куйбишев, ки ду тарафа ҳама хонаҳои сокинони шаҳр аст, рафта, аз байни кӯчаи Фирдавсӣ, ки маҳалли аҳолинишин аст, гузашта, аз байни маҳаллаи Сино баромада, ба роҳи Кӯлоб-Шӯрообод ҳамроҳ мешавад.

Номбурда нигаронӣ мекунад, ки шоҳроҳе, ки аз байни шаҳр мегузарад, боиси садамаҳои зиёди нақлиётӣ шудааст ва маротибаи шашум аст, ки мошинҳои боркаш бо кор накардани системаи тормозашон дар маҳаллаи 1-уми май ба садама дучор мешаванд.

“Соли 2009 ронандаи мошини боркаши “Дулан”, ки арматури зиёде дошт, баробари аз кор мондани тормозҳо аз кабина барои огоҳии атрофиён латаи сафедро бароварда мошину одамони канори роҳро ба канор истодан ишора кард ва мошини ӯ дар поёни маҳаллаи 1-уми май, ба бинои таълимии факултаи иқтисод бархӯрд. Дар пайи садама ронандаи чинӣ фавтид, аммо дингарон зарар надиданд. Чанд моҳ пеш низ як мошини калон дар ҳамин минтақа ба садама дучор шуда буд”, - ба ёд овард Бурҳони Қаноат.

Номбурда аз масъулин мепурсад, ки “барои чӣ дар масофаи чанд километр роҳ, ки мошинҳои боркаш сарозер мешаванд, такягоҳҳои муҳофизатии баланд ва боқувват барои зарбаи мошинҳои калони бордор гузошта намешавад?”

“Зиндагии мардум идома дорад, ҳанӯз ҳам масъулини роҳ набояд саҳлангорӣ кунанд”, - бо афсӯс меафзояд ин сокини маҳаллӣ.

Шояд ҳоло сари ин масъала андеша бояд кард?

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.