Имрӯз ҳама одамон мехоҳанд, ки ба аудиторияи мавриди назари худ таъсир расонанд ё ба истилоҳ “фармонравоӣ” кунанд. Ба аудиторияе, ки аз дасткорӣ ё “манипулятсия” огоҳ нестанд ин кор ба осонӣ даст медиҳад, вале ба афроди огоҳ ин усул ба кор намеравад.
Дасткорӣ ё манипулятсия чист?
Истилоҳи “манипулятсия” аз калимаи франсавии “manipulation” ва калимаи лотинии “manipulus” – “manus” – даст, пайдо шудааст. Ин калима дар забони тоҷикӣ ҳамчун дасткорӣ тарҷума шудааст.
Агар истилоҳро кӯтоҳ шарҳ бидиҳем – фиребу фиребкорӣ аст. Ба таври мушаххас бигӯем, вақте шахс назару хоҳишҳои шахси дигарро ба таври комил ва самимона ҳамчун назару хоҳиши шахсии худ қабул мекунад, аммо дар асл ин назару хоҳишҳо хилофи арзишҳои шахсии ӯ мебошанд. Ба шахс чунин менамояд, ки ин маҳз хоҳишу интихоби ӯст. Ба ибораи дигар, манипулятор мекӯшад, ки шахси дигарро ҳамчун воситаи ноил шудан ба ҳадафҳои худ ё ба даст овардани фоида истифода барад.
Аз дасткорӣ гуруҳи шахсони касбу кори алоҳида истифода мебаранд. Бештар усули мазкурро сиёсатмадорон ва тарғибгарони молу маҳсулот истифода мекунанд.
Яке аз истифодабарандагони усулҳои маъмули дасткорӣ тарғибгарон мебошанд. Онҳо дар тарғиботҳои худ аз шахсиятҳои дар ҷомеа ҷойгоҳдошта ва ситораҳои маъруфи санъат дар роликҳои тарғиботии худ истифода мебаранд. Бо истифода аз усули мазкур молҳои худро ба фурӯш мегузоранд ва фоидаи зиёд ба даст меоранд. Ситораҳо ва шахсиятҳои маъруф, гарчанде аз ин маҳсулотҳо боре ҳам истифода намебаранд, вале ба хотири ба даст овардани фоида ба пайравон ва мухлисони худ тавсия медиҳанд, ки аз молҳои мазкур истифода баранд, чун онҳо ба саломатии онҳо фоидаовар мебошад.
Шояд пурсиданиед, ки хадафҳои манипулятсия кадомхоянд?
Нафароне, ки аз манипулятсия истифода мекунанд, мехоҳанд ба ҳадафҳои зерин ноил шаванд:
- афзудани клишеҳо (қолабҳо)-и сиёсӣ/иҷтимоӣ/ психоло¬гӣ;
- идеалсозии ҳодиса ё падидаҳои фардӣ-алоҳида;
- ташаккул додани муносибатҳои вафодорӣ ба гуруҳҳои алоҳидаи муассир/ шахсон ва дар оянда ташаккул додани ойини шахспарастӣ;
- интишори пешакии симои «созмонёфта ва моделсозишу¬да» - и шахсони алоҳида, созмонҳо,идеяҳо ва барномаҳо;
- заъиф гардонидани рақибон, ҳодисаҳо ва падидаҳо;
- таҳрифи далелҳои воқеӣ бо мақсади ҷойгузин намуда¬ни нуқтаи назари зарурӣ, стериотипи ақидаҳо ва қолабҳои рафтории табақаҳои васеи аҳол;
- паҳн намудани овозаҳо, боло бурдани ташаннуҷ, ҳолоти ваҳмангез ва тарс.
Бояд қайд кард, ки таъсиррасонии дасткорӣ (манипулятивӣ) кори пӯшида аст. Таъсиррасонҳо чун қоида хеле зиёд кӯшиш мекунанд, ки объекти таҳти таъсир аз кори онҳо огоҳ нашавад. Агар объекти таҳти таъсир бовар кунанд, ки ҳама чиз дар доираи қонун ва табиӣ рух медиҳад, ин аз муваффақ шудани дасткорӣ огоҳӣ медиҳад.
Барои гирифтор нашудан ба чунин холатхо доимо саводнокии расонаии худро такмил бидихед ва аз навгонихои он Бохабар бошед!
Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста