Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон калиди хонаҳои навбунёд дар ноҳияи Роштқалъаро, ки моҳи июн бар асари омадани сел хароб гардида буданд, ба соҳибонашон тақдим кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳур калиди 10 хонаи навро дирӯз, 16-уми август, дар ҷараёни сафари кориаш дар деҳаи Наҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба соҳибонашон супорида, ҳамзамон аз шароити маишии ҳуҷраҳо дидан кардааст.
Манзилҳои нави истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ дохили онҳо оро ёфтааст. Тамоми шароити зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ фароҳам оварда шудааст. Оилаҳо бо тамоми ҷиҳоз, аз қабили яхдон, телевизор, мизу курсӣ, қолин ва дигар ашёи рӯзгор таъмин гардиданд”, - менависад Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Тавре манбаъ гуфтааст, барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида беш аз 1 гектар замин ҷудо шуда, он дар муддати як моҳ пурра бунёд гардида ва ба истифода дода шудааст.
Гуфта мешавад, хати алоҳидаи барқ, оби нӯшокӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард, аз ҷумлаи дигар корҳое ба шумор мераванд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба анҷом расидааст.
Бояд гуфт, ки шуруъ аз 27 июни соли равон ба муддати чанд рӯз пайи ҳам фаромадани сел дар деҳаи Меденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа маҷрои дарёи Шохдара банд гардида, 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва боғоту заминҳои кишоварзӣ зери об монданд.
Тақдири панҷ хонаи дигар маълум нест, ки сохта мешаванд ва ё қисман хароб гардида, ки барқарор кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки дар назди хонаҳои истиқоматии навбунёд барои истироҳату фароғати сокинони деҳаи Анҷин майдончаи варзишӣ ва ҷойи бозии кӯдакон сохта шудааст.
Дарозии майдончаи варзишӣ 30 ва паҳноиаш 20 метр буда, барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бисёр мувофиқ мебошад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста