Дар соли хониши ҷорӣ тақрибан 260 ҳазор нафар бори нахуст пой ба остонаи мактаб мениҳанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Ин рақам дар муқоиса бо соли гузашта зиёдтар аст. Соли хониши гузашта зиёда аз 200 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи 1-ум рафта буданд.
Ёдрас мекунем, ки дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар бораи норасоии омӯзгорон дар соли хониши гузашта хабар дода шуда буд.
Норасоии 3 ҳазору 434 омӯзгор бахусус дар фанҳои дақиқ - математика, физика ва кимиё ба мушоҳида расид.
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки барои ҳалли ин масъала 4 ҳазору 347 нафар муаллимон ба шаҳру навоҳӣ фиристода шуда, онҳо бояд аз санҷиши дахлдор гузаранд ва сипас ба кор қабул карда шаванд.
Бино ба маълумоти Вазорат, имрӯз дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 967 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 126 ҳазору 354 нафар омӯзгорон машғули коранд. Миёни онҳо 81 ҳазору 822 нафарашон занон мебошанд.
Теъдоди умумии хонандагон ба 2 млн 232 ҳазору 114 нафар расида, 1 млн 79 ҳазору 197 нафарашон духтаронанд.
Қобили зикр аст, ки дар соли хониши нав дар саросари кишвар 312 бинои нави мактабу кӯдакистонҳо ба истифода дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста