Мактаби синамогарони ҷавон-“Навомӯз”-и “Тоҷикфилм” ба номи Муҳаббат Сатторӣ, коргардони шинохтаи тоҷик гузошта шуд. Ӯ ҳафтаи гузашта бар асари беморӣ даргузашт. Дар ин бора Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим бо мақсади абадӣ гардонидани ном ва пос доштани хотираи Муҳаббат Сатторӣ, ки дар замони истиқлол яке аз бонувони серғайрат ва пуртаҷрибаи соҳаи кинои тоҷик махсуб меёфт, рӯи даст гирифта шуд.
“Солиёни зиёде дар соҳаҳои театр, телевизион ва кинои тоҷик фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ин соҳаҳо саҳми арзандае гузоштааст”, - гуфтааст “Тоҷикфилм”.
Муҳаббат Сатторӣ яке аз камтарин коргардонҳои синамо ва телевизони тоҷик буд. Ӯ ҳам дар телевизион ва ҳам дар театру синамо кор кардааст.
Ӯ то вопасин лаҳзаҳои ҳаёт дар соҳаи кинои тоҷик фаъолият карда, филмҳои ҳунарии “Пайванди шикаста”, “Падруду пайғом”, “Афсонаи хоб”, “Зарандуд”, “Як ҷаҳон аз ману ту”, “Маро бубахш”, “Рақси зиндагӣ” ва бахшида ба 90-солагии кинои тоҷик филми мустанади “90-соли кинои тоҷик”-ро пешкаши тамошобинону алоқамандони синамои миллӣ намудааст.
Муҳаббат Сатторӣ субҳи 24-уми август дар синни 56-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид ва дар пойтахт ба хок супорида шуд.
Ӯ Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии кинематографияи тоҷик, Аълочии фарҳанг, Аълочии телевизион ва радио буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста