Дар шаҳрҳои Русия курсҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба кор оғоз намуданд. Курсҳо аз ҷониби Агентии федералӣ оид ба умури миллатҳои Русия ҷиҳати шиносоии муҳоҷирони меҳнатӣ бо асосҳои қонунгузории Русия ва қоидаҳои рафтор дар ҷомеаи ин кишвар роҳандозӣ шудаанд.
Барнома аз якчанд мавзӯъҳои калидӣ иборат аст: қонунгории меҳнат дар бахши муҳоҷират, расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин меъёрҳои муҳими рафтор ҳам дар ҷойҳои ҷамъмиятӣ ва ҳам дар худи ҷомеаи Русия бо назардошти махсусиятҳои фарҳангии маҳаллӣ, хабар медиҳад Rg.ru.
Роҳбари Агентии федералӣ оид ба умури миллатҳои Русия Игор Баринов муҳиму рӯзмарра будани ин курсҳоро бахусус дар пасманзари мушкилоти марбут ба рафтори бархе аз муҳоҷирон таъкид доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқоти аз ҷониби Агентӣ доиргардида нишон додаанд, ки қисмате аз муҳоҷирон мехоҳанд, ки меъёрҳои шариатро риоя намуда, ҳатто омодаанд, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ мутобиқи ин меъёрҳо дар чорабиниҳои эътирозӣ иштирок кунанд. Баринов мегӯяд, ба ин касе халал намерасонад, лекин ҳамааш бояд дар доираи қонун бошад.
“Вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки вазъи муташанниҷ дар муҳити муҳоҷират коҳиш ёфта, саводнокии ҳуқуқии онҳо баланд гардад, то мардум бидонанд, ки чӣ кор кардан мумкину кадомаш ммумкин нест ва чӣ амал ногузир боиси ҷазо мегардад. Агар онҳо мисле ки дар Нижний Новгород гӯсфандро дар майдончаи бачагонаи мактаб забҳ кунанд, пас масъулият пайдо мешавад”, - гуфтааст Баринов дар мусоҳиба бо ТАСС.
Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки масъалаҳои муҳоҷират дар солҳои охир яке аз ҳассос ва мушкилтаринҳост.
«Агар мушкилот дар соҳаи сиёсати миллии давлатиро ба назар бигирем, маҳз муҳоҷират яке аз масъалаҳои доғу рӯзмарра буда, бештар эҳсосоти мардумро ба вуҷуд меорад. Мо яке аз кишварҳои сермиллати ҷаҳон буда, қариб дар ҳар як минтақа таҷрибаи муоширати байнифарҳангӣ амал мекунад. Аммо рафтори нодурусти одамоне, ки анъанаҳо, фарҳанг, меъёрҳои ҳуқуқии моро қабул кардан намехоҳанд, боиси хашму ғазаб ва муноқишаҳо мешавад”, - гуфтааст ӯ.
Аз ин рӯ, имсол тасмим гирифта шудааст, ки аз бунёди марказҳои нав даст кашида, дар заминаи Маркази бисёрсоҳавӣ (МФЦ) курсҳо кушода шаванд. Баринов изҳор доштааст, ки курсщои мутобиқшавӣ барои хориҷиён аз моҳи июл дар вилояти Маскав, Калининград, Перм, кишвари Краснодар ва Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) ба кор оғоз намудаанд.