Як гурӯҳи олимон аз Тоҷикистон дар фурудгоҳи пойтахти Молдова дармонданд: вуруди онҳоро ба ин кишвар рад намуда, аллакай ду шабонарӯз инҷониб зери назорати мақомоти пулис нигоҳ дошта мешаванд.
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар он ҷо қарор доштани як гурӯҳи филологҳо аз Тоҷикистон, инчунин олимон аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро тасдиқ карданд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи расмӣ дар АМИТ дар бораи теъдоди олимони тоҷик ва ҷараёни ҳалли ин масъала маълумоти муфассал надод.
Хабаргузории РИА Новости дар Telegram-и худ иттилоъ медиҳад, ки гурӯҳи олимони иборат аз филологу таърихшиносон ва омӯзгорон барои иштирок дар конфронс дар мавзӯи забони русӣ ва сиёсати забон ба Приднестрове мерафтанд.
Аммо сарфи назар аз мавҷуд будани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ба ворид шудани онҳо ба Молдова иҷоза надодаанд. Дар хабар зикр мегардад, ки аллакай ду шабонарӯз инҷониб онҳо зери назорати мақомоти пулис дар фурудгоҳии Кишинёв нигоҳ дошта мешаванд.
Кормандони фурудгоҳи Молдова ба олимон ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намудаанд, ки дар онҳо сабаби боздошти онҳо ба “иҷро нашудани дигар шартҳои муқаррарнамудаи мақомоти Молдова барои вуруди хориҷиён ба кишвар” рабт дода мешавад.
Вазъият боиси нигаронӣ аст, лекин дар ҳамин ҳол, ҷузъиёти масъала ва ҷараёни ҳалли вазъ то ҳол номаълум боқӣ мемонад.
Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон алҳол ин вазъиятро шарҳ надодаанд.