Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид, ки то 30-юми ноябр идома меёбад. Шахсони аз 18 то 27-сола даъват мешаванд, ки барои хизмати ҳарбӣ коршояманду барои ба таъхир гузоштани хизмат ё озод шудан аз он асос надоранд.

Аллакай дар рӯзи аввали даъват дар Воруху Чоркӯҳ, Вахшу Фархор, Рашт ва ВМКБ аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки мақомот иҷрои пеш аз мӯҳлати нақшаи даъват ба артишро ба афзоиши теъдоди ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва ҳамчунин баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар остонаи маъракаи даъват ба артиш шарҳ медиҳанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бар ин назаранд, ки мушкили асосии маъракаҳои даъват ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳолатҳои бо зӯр ба артиш бурдани ҷавонон, “сарбозшикор” ё “облава” мебошад.

Агар чунин шуморед, ки ҳангоми маъркаи даъват ба хидмат дар артиш нисбати шумо нодуруст ва ғайриқонунӣ рафтор кардаанд, масалан бо “облава” равон кардаанд - метавонед ба ташкилоту идораҳое, ки рӯйхаташонро мо дар тасвири зер гирдоварӣ намудем, муроҷиат кунед.


Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.