Дар ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби Бунёди Саудии Рушд мактаби нав барои 620 нафар бунёд ва ба истифода дода шуд. Он дар доираи тарҳи бунёди 34 мактаби миёна дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон сохта шудааст.
Мактаби нав дар ноҳияи Шаҳринав имрӯз аз ҷониби раиси иҷроияи Бунёди Саудии Рушд ҷаноби Султон ибни Абдураҳмон ар-Маршад ва муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода расман ифтитоҳ гардид.
Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи мактаб сафири сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон ва намояндагони баландпояи тарафайн ҳузур доштанд.
Тибқи иттилои дастрасшуда, мактаби навсохт иборат 36 синфхона бо наздик ба 620 ҷой мебошад.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Султон ибни Абдураҳмон ар-Маршад ба аҳамияти таълим барои наврасону ҷавонон таваҷҷуҳ карда, зикр намуд, ки он рукни асосии рушди кишвар ба ҳисоб меравад, зеро давлат дар барномаҳои рушд ба ҷавонони таълимгирифта такя мекунад.
“Бунёди Саудии Рушд бо назардошти аҳамияти таълим тасмим гирифтааст соҳаи маорифи Тоҷикистонро дастгирӣ кунад, ҳамчунон ки ин фаъолиятро дар дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар ҷаҳон анҷом медиҳад”, - зикр кард Султон ибни Абдураҳмон ар-Маршад.
Зиёдулло Абдулзода миннатдории худро ба роҳбарияти Олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои дастгирии рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон тавассути маблағгузории лоиҳаҳо ва барномаҳои рушд аз ҷониби Бунёди Саудии Рушд изҳор намуда, таъкид кард, ки бахши маориф дар дастгирии нақшаҳои рушд дар Тоҷикистон аз аҳамият бархурдор мебошад.
“Бунёди Саудии Рушд чор лоиҳаи рушди соҳаи маорифро маблағгузорӣ кардааст, ки он 57 мактаби таҳсилоти умумиро дар чор марҳила ба маблағи умумии 75 млн долл. ИМА дар бар мегирад. Ҳамчунин маблағгузории лоиҳаҳо ва барномаҳои рушд, ки Бунёди Саудии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 ин ҷониб анҷом додааст, 12 қарзи имтиёзнок ба маблағи зиёда аз 193 млн долл. ИМА барои иҷрои 12 лоиҳа ва барномаи рушд мебошад, ки он ба рушди зерсохтори соҳаҳои тандурустӣ, маориф, таъмини об, ҳамчунин дастгирии соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар Тоҷикистон равона карда шудааст”, - зикр намуд Зиёдулло Абдулзода.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳамкории Бунёди Саудии Рушд дар соҳаи рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи беш аз 20 солро дорад.
Бояд гуфт, ки мактаби нав дар Шаҳринав дар доираи лоиҳае сохта шуд, ки марҳилаи чоруми он бунёди 34 мактабро дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон пешбинӣ кардааст. Ин мактабҳо бо маблағгузории Бунёди Саудии Рушд тавассути ҷудо кардани қарзи имтиёзноки рушд ба маблағи 35 млн долл. ИМА ва барои истифодаи тақрибан 25 ҳазор талаба, сохта мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста