Штамми нави коронавирус “Пирола” ба гуфтаи мутахассисон, аз “Омикрон” бадтар аст. Паҳншавии он дар ҷаҳон нигарониро ба бор овардааст - дар Русия боз госпиталҳои ковидӣ боз шуда, дар Осиёи Марказӣ вазъро пайгирӣ доранд ва ба назар мерасад, ки танҳо дар Тоҷикистон чизе нест.

Чӣ гап шуд?

Охири моҳи июл дар Дания бори аввал варианти нави коронавирус бо номи “Пирола” ошкор шуд. Аз он дам он  дар якчанд кишварҳо, аз ҷумла Канада, Исроил, Португалия, Африқои Ҷанубӣ, Шветсия, Британияи Кабир, ИМА ва Русия ба қайд гирифта шуд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ “Пирола”-ро ба рӯйхати вариантҳои коронавирус, ки таҳти назорат қарор доранд, дохил кард. Тибқи маълумоти коршиносон, ваксинаҳое, ки барои штамми “Омикрон” сохта шуда буданд, нисбат ба “Пирола” низ самараноканд.

Русия

Ҳафтаи гузашта дар Русия дар 16 429 нафар русиягиҳо коронавирусро ошкор кардаанд. Дар зарфи 7 рӯз бо COVID-19 2 556 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд, 30 нафар фавтидаанд.  

Ҳамаи ҳолатҳои сироят аз оғози пандемия: 23,014,969

Аз оғози соли 2023 то охири моҳи сентябр: 21,826,982

Шумори сироят афзудааст ба миқдори 1,187,987

Ҳамаи ҳолатҳои марг аз оғози пандемия: 400,023

Аз оғози соли 2023 то охири моҳи сентябр: 310,518

Шумори ҳолатҳои марг афзудааст ба миқдори 89,505

Маълумоти оморӣ оид ба коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳолати 3 октябри соли 2023:

Қазоқистон:

Ҳамаи ҳолатҳои сироят аз оғози пандемия: 1,502,857

Аз оғози соли 2023 то охири моҳи сентябр: 1,494,721

Шумори сироят афзудааст ба миқдори 8,154

Ҳамаи ҳолатҳои марг аз оғози пандемия: 19,072

Аз оғози соли 2023 то охири моҳи сентябр ҳолатҳои марг афзудааст ба миқдори 9 нафар

Қирғизистон:

Ҳамаи ҳолатҳои сироят аз оғози пандемия: 87,949

Аз оғози соли 2023 то охири моҳи сентябр: 87,571

Шумори сироят афзудааст ба миқдори 378

Ҳамаи ҳолатҳои марг аз оғози пандемия: 1,024

Аз оғози соли 2023 то охири моҳи сентябр: набуд

Ӯзбекистон:

Ҳамаи ҳолатҳои сироят аз оғози пандемия: 172,572

Аз оғози соли 2023 то охири моҳи сентябр: 167,141

Шумори сироят афзудааст ба миқдори 5,430

Ҳамаи ҳолатҳои марг аз оғози пандемия: 1,016

Аз оғози соли 2023 то охири моҳи сентябр: набуд

Туркманистон:

Маълумот дастрас нест.

…Тавре аз маълумоти оморӣ бармемояд, дар Русия, ки беш аз миллион нафар муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд ва дар кишварҳои ба мо ҳамсоя ҳолатҳои сироят аз коронавирус доимо ба қайд гирифта мешаванд.

Бо ҳамаи ин кишварҳо мо иртиботи мустақим дорем. Пас чаро дар ҷумҳурии мо GOVID ошкор намешавад?

Аз 18 феврали соли 2022 то ҳозири дар кишвар ягон ҳолати нави сироят аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Тибқи маълумоти расмӣ, аз оғози пандемия теъдоди чунин беморон дар Тоҷикистон 17 ҳазору 124 нафарро ташкил медиҳад, ки 124 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

Мутахассисон дар бораи ҳолатҳои пӯшида огоҳ мекунанд

Мутахассисон чунин тахмин мекунанд, ки дар Тоҷикистон шахсони аз коронавирус сироятёфта ҳастанд, лекин аз огоҳии комил надоштан ва монандии он ба зукоми мавсимӣ, аксарият метавонанд ба он таваҷҷуҳ накунанд ва мустақилона худро табобат намоянд.

Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” табиби тоҷики бемориҳои сироятӣ зикр кард, ки коронавирус дар ҷумҳурӣ ҳаст, илова бар ин “аз муроҷиати одамон бармеояд, ки инчунин тамоили зиёдшавии ҳолатҳо низ вуҷуд дорад”.

“Ман намегӯям, ки вазъият басо ташвишовар аст, лекин беморон кам нестанд, - мегӯяд табиб. - Мутаассифона, дар сатҳи расмӣ мавҷуд будани вирусро эътироф намекунанд ва ба таҳқиқи паҳншавии кадом штамми машғул нестанд. Ва ин ба он оварда мерасонад, ки теъдоди беморон афзуда, табибон тахминӣ ё бар асоси маводи интернет табобат таъин мекунан, ҳарчанд ба ҳар як штамм тарзи табобати ҷудогона пешбинӣ шудааст".

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон беморӣ байни кӯдакон зиёдтар аст. Аломатҳояш аз дарунравӣ, сулфа, ҳарорати баланд ва нотавонӣ иборат мебошад.

“Қобили зикр аст, ки тирамоҳ мавсими бемориҳои шадиди респираторӣ ва зуком буда, дар сурати бемор шудани кӯдакон ба таҳлука афтодан лозим нест. Лекин агар аломатҳояш ба аломатҳои коронавирус монанд бошад ва беморӣ аз вақти маъмулӣ зиёдтар давом кунад, дар хона ба табобат машғул нашуда, ба табибон муроҷиат кардан лозим аст”, - тавсия медиҳад мутахассис.

Мақомоти расмии Тоҷикистон чӣ мегӯянд?

Қаблан зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии кишвар изҳор дошт, ки аз 18 феврали соли 2022 дар ҷумҳурӣ ягон навъи коронавирус ошкор нашудааст.

Ба савол дар бораи он ки бо вуҷуди иртибот доштани Тоҷикистон бо кишварҳое, ки паҳншавии вирус дар онҳо идома дораду чаро дар Тоҷикистон  ҳолатҳои COVID-19 нест, “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ посух дарёфт карда натавонист.

Дар ҳамин ҳол аз хадамоти мабуоти Вазорат ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз оғози сол дар бораи гирифторӣ ба бемории марбут ба COVID-19 аз шаҳрвандони муроҷиат нагирифтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.