Шаҳрдории Душанбе ба сокинони пойтахт ҳушдор додааст, ки имрӯз, 23-юми октябр, дар бархе аз кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мешавад.
Тавре ҳукумати шаҳр дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод, ин ба корҳои таъмирӣ дар истгоҳи обгузари “Кофарниҳон” марбут аст.
Таъмини об аз соати 23:00 23-юми октябр то соати 23:00 24-уми октябр қатъ дар минтақаҳои зерин қатъ хоҳад шуд:
Ноҳияи Фирдавсӣ:
- дар маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дӯстӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, А.Қаҳҳоров, М.Маҳмадалиев ва А.Наҷмиддини
Ноҳияи Шоҳмансур:
- дар кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро — 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД «Роҳи оҳан» то бинои КВД Меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯб қатъ мегардад.
Шаҳрдорӣ аз сокинон хоҳиш мекунад, ки захираи зарурии оби ошомиданиро омода созанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста