Солҳои пеш дар Тоҷикистон кор дар сафи милитсия миёни бонувон камтар маъмул буд. Андешае роиҷ буд, ки кор дар сафи милитсия барои мардон хос аст. Аммо ҷараёнҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки сол аз сол духтарони бештар мехоҳанд либоси ҳарбӣ ба бар карда, дар хидмати ватан бошанд. Яке аз чунин духтарони ватандӯсту шуҷоъ ва дар айни замон зебову нозуке, ки бо дарки масъулият либоси ҳарбӣ ба бар кардаааст лейтинанти калони милитсия Фарангис Махкамова мебошад.

Фарангис Махкамова айни замон дар шӯъба ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи кор мекунад ва ба серкории худ нигоҳ накарда, розӣ шуд бо мо бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик, ки имрӯз, 10-уми ноябр, таҷлил мешавад, суҳбат кунад.

Дар 22 солагӣ корманди мақомоти милитсия

Фарангис Махкамова ҳамагӣ 25 сол дорад, аммо ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, ба заноне, ки дучори хушунат ва зӯроварӣ дар оила шудаанд, кӯмак ва ҳам ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.

Ӯ мегӯяд, муроҷиати занони дучори хушунат ба шӯъба зиёд шудааст.

“Аксарияти муроҷиаткунандагон аз ҷониби шавҳаронашон латукӯб шудаанд. Мо бо онҳо ва аъзоёни ин оилаҳо робитаи зич дошта, корбарӣ мекунем ва барои устувор шудани оилаҳо мусоидат менамоем”, - мегӯяд Фарангис Махкамова.


Ин корманди ҳалими милитсия дарди занҳои  хушунатдидаро, ки маҷбур шуданд,  ба милитсия муроҷиат кунанд, хуб дарк мекунад, зеро ӯ худ зан аст.

“Занҳои зиёд баъри муроҷиат мегӯянд, ки мо фикр кардем дар милитсия танҳо мардҳо кор мекунанд. Аз ин лиҳоз, бештари онҳо дарди худро ошкор иброз мекунанд ва роҳӣ ҳал мепурсанд”, - таъкид мекунад Фарангис Махкамова.

Давомдиҳандаи касби падар

Азбаски кор дар мақомоти милитсия мушкил ва дар як навбат хатарзо аст на ҳар модар падар розӣ мешавад, ки духтараш дар ин соҳа кор кунад. Аммо модари Фарангис Махкамова баръакс, ҳар бор либоси низомӣ пӯшида ба кор рафтани духтарашро бинад, хурсанд мешавад.

“Аз хурдсолӣ падарам, ки корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буданд, ба корашон, ба либоси низомияшон ҳавас карда, орзу мекардам, калон шуда мисли  он кас  корманди милитсия мешавам. Афсус, 3-юми сентябри соли 2010, вақте Шӯъбаи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Хуҷанд ҳуҷум сурат гирифт, падарам кушта шуданд. Азбаски дар оила ман фарзанди ягона ҳастам, хостам касби падарамро идома дода, номи некашонро зинда нигоҳ дорам”, - зикр мекунад Фарангис Махкамова.

Бо ин мақсад, қаҳрамони мо соли 2015 ба Академияи ВКД дохил шуда, 5 сол таҳсил намуд ва инак, се сол аст, ки дар сафи милитсия кор мекунад.

Дар ин муддате, ки Фарангис Махкамова дар сафи милитсия кор мекунад, дарк кардааст, ки занон низ дар ин соҳа метавонанд муваффақона кор кунанд ва нақши худро гузоранд.


“Махсусан дар ҷомеаи мо, ки занҳо бисёр осебпазир ҳастанд, будани бонувон дар сафи милитсия зарур аст, зеро онҳо бо занҳои мавриди хушунат қароргирифта ва умуман ба мушкил гирифторшуда тезтар забон меёбанд ва аз дарди дили онҳо огоҳ мешаванд. Ҳамин тарв тезтар кӯмак расонида метавонанд”, - мегӯяд Фарангис Махкамова.

Ҳоло Фарангис Махкамова бовар дорад, ки дар соҳаи худ ҳатман муваффақ мешавад ва ба ҷомеа манфиати бештар мерасонад. Ӯ мегӯяд, барои ин, танҳо содиқона меҳнат кардан ва ватанро дӯст доштан кифоя аст.

“Гузашта аз ин, ман мехоҳам руҳи падарам ҳамеша шод бод. Кори падарро мехоҳам идома диҳам. Мехоҳам ба инсонҳои бештар кӯмак кунам. Ва ниҳоят, мехоҳам ҳарчи камтар инсонҳо аз ҷинояткорон зарар бинанд. Барои ин кор тамоми нерӯямро сарф мекунам”, - таъкид мекунад Фарангис Махкамова.

Воқеан роҳе, ки Фарангис интихоб кардааст пуршараф ва ҳадафҳое, ки дар пеш дорад, созандаанд.

Дар ин роҳ ба ӯ муваффақият мехоҳем!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.