Давоми 10 моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 1 ҳазору 500 ҳолати гирифторӣ ба бемории сироятии зардпарвин - намуди “А” сабт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 200 ҳолат бештар будааст.
Таҳмина Усмонова, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мегӯяд, ки ҳарчанд давоми соли ҷорӣ гирифторӣ ба бемории зардпарвин нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст, аммо дар умум, бино ба таҳлилҳои панҷ соли охир, вазъ муътадил аст.
Ба гуфтаи Усмонова сабаби афзоиши беморӣ фаро расидани мавсими сардӣ ва риоя накардани шароити нигоҳдошти бемор аст.
“Бояд макони нигоҳдории бемор алоҳида бошад, қоидаҳои бехатарӣ аз сироят риоя гардад, хонандагону тарбиятгирандагони боғча то пурра сиҳат шудан, дар хона монанд. Наздикони бемор бояд ба муассисаи тандурустӣ муроҷиат кунанд”, - мегӯяд Таҳмина Усмонова.
Ӯ мегӯяд, риоя нашудани қоидаҳои номбаргардида яке аз сабабҳои афзоиши беморӣ мебошад.

Таҳлилҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд нишон додааст, ки аксари беморон нафарони то синни 17-сола мебошанд.
Бемории зардпарвин (зардча) дар фасли тирамоҳ хурӯҷ карда, сабаби асосии афзоиши он зиёдшавии вирусҳои барангезанда мебошад. Дар илми тиб зардпарвинро гепатит низ ном мебаранд. Он вирусе мебошад, ки дар таркиби хун нашъунамо менамояд. Нишонаҳои аввалини ин беморӣ камқувватӣ, беҳолӣ, нотобӣ, зуд хасташавӣ, пастшавии иштиҳо ва эҳсоси дилбеҳузурӣ мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста