Чанде аз сокинони шаҳри Душанбе аз носозӣ дар кори терминалҳои лоиҳаи CityCard шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, дастрас кардани корт ва пур кардани ҳисоби он ҳамоно барои истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ мушкил боқӣ мемонад. Намояндагони ширкат бошад, мушкилро техникӣ ва зуд бартарафшанаванда арзёбӣ карданд.

Айни ҳол дар пойтахти кишвар зиёда аз 500 адад терминалҳои “Express Pay”-и лоиҳаи лоиҳаи CityCard мавҷуд аст, ки аз ин 74 адад барои дастрас намудани корти нақлиётӣ ва беш аз 250 адад барои пур намудани тавозуни он пешбинӣ гардидааст.

Чанде аз сокинон шикоят карданд, ки терминалҳои мазкур дуруст ва мунтазам кор намекунад.

“Баъзе терминалҳо кортро қабул намекунанд, баъзеи дигар қабул мекунанду барнамегардонанд”, - мегӯянд сокинон.

Мушкилоти мазкур ҳаракати сокинонро тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ душвор кардааст. Зеро ҳангоми бидуни корт ворид шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ назоратчиёни CityCard метавонанд мусофиронро аз нақлиёт фароранд. Ҳатто метавонан умуман ба он роҳ надиҳанд.

Идибек Шарипов

“Ронандаҳои троллейбусу автобусҳо пули нақд қабул мекунанд, вале назоратчиён баъзеро, на ҳамаро, маҷбур мекунанд, ки аз нақлиёт фароянд. Худи назоратчиён ҷавонҳоянд ва онҳоеро мефароранд, ки зӯрашон мерасад” - мегӯяд донишҷӯи ДМТ Идибек Шарипов.

Аммо дар идораи лоиҳаи CityCard қайд намуданд, ки тамоми терминалҳои ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҳолати корӣ қарор доранд.

“Дар умум, ҳамаи терминалҳо коршояманд. Вале, албатта ин техника аст ва кораш аз ин ё он омил вобастагӣ дорад. Вазъиятҳое мешаванд, ки дар ҳақиқат терминалҳо кор намекунанд. Сабабаш бошад, дар ғайримақсаднок истифода шудани онҳо аз ҷониби баъзе шаҳрвандон аст. Масалан, шудаанд ҳолатҳое, ки терминал танҳо барои пур кардани ҳисоби корти нақлиётӣ пешбинӣ шудааст, вале сокинон ба он кортҳои бонкӣ ва ё дигар кортҳои пластикиро ворид кардаанд” - қайд намуд дар суҳбат бо “Азия-плюс” муовини роҳбари лоиҳаи CityCard Садриддин Зиёваддинов.

Сабабҳои дигари корношоям шудани терминалҳоро муовини роҳбари лоиҳа дар муваққатан набудани барқ ва ё интернет медонад.

Ба гуфти Зиёваддинов, терминалҳо ба гурӯҳҳои бригадаҳои техникӣ вобастаанд ва ҳангоми корношоям шудани терминале ба бригада ба таври автоматӣ SMS-паёмак меравад. Гурӯҳи корӣ бояд дар муддати 30 дақиқа нуқсонро бартараф намуда, терминалро ба ҳолати корӣ баргардонад.

Ин дар ҳолест, ки сокинон мегӯянд, баъзе терминалҳо чанд рӯзу ҳафта ва ҳатто моҳ вайрон меистанд.

Ин терминал кор мекунад, аммо кортро қабул намекунад

Як санҷиши сарироҳии “Азия-Плюс” нишон дод, ки чандин терминалҳо дар шаҳр кор намекунанд. Аз истгоҳи “Гулгашти Ҳофизи Шерозӣ” то истгоҳи “ТВ Сафина” аз ҳар ду ҷониби роҳ 6 адад терминалҳои Express Pay, ки барои пур кардани ҳисоби корти нақлиётӣ пешбинӣ шудаанд, насб гардидааст. Аз ин 6 адад, 4-тоаш кор намекарданд. 2 терминале, ки кор мекарданд, дар назди истгоҳи “ТВ Сафина” буданд.

Дар истгоҳи “Боғи ҳайвонот” бошад, 2 терминал насб шудааст, ки якеаш кор намекунаду дуюмаш кортро қабул намекунад. Дар ҷониби дигари ҳамин роҳ - истгоҳи “Боғи Кӯли ҷавонон” терминал барои пур кардани тавозуни корти нақлиётӣ нест. Ҳол он ки ин мавзеъ яке аз маконҳои серодам аст.

“Хуб мешуд, ки масъулон дурустии кори терминалҳоро пайваста санҷиш намоянд ва баъд аз сокинон талаби истифодаи кортро кунанд”, - пешниҳод намуд Идибек Шарипов.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.